arzon replenishment
ИШҚИ ЗАРХАРИДИ ДУХТАРИ ПАНҶӢ(ҚИСМИ 2)
4627

 ИДОМААШ...

Рӯзе дар дӯкон будам, ки зани ношиносе аз дар даромад ва бо табассум ба ман нигариста пурсид:
-Зарина шумоед?
Занро мизоҷи навбатӣ пиндошта гуфтам:
-Бале, чӣ мехостед?
-Ман зани Сай, шуморо хостгорӣ кардан омадам,-Ҷавонзан рост ба чашмонам нигариста афзуд,-Заринахон, парво накунед, зарур шавад, худам ба назди падару модаратон рафта, ҳамаашро мефаҳмонам…
Ҳамин тавр ман эътимод пайдо намудам, ки нияти Сай ҷиддӣ аст ва дили то он замон аз сӯзиши ишқ бехабарамро ба ин марди зандор бахшидам….

Асири доми ишқ

Дӯстии ману Сай рӯз то рӯз мустаҳкамтар мегашт. Ман ба вай чунон одат карда мондам, ки як рӯз занг назанад, чизеро гум кардагӣ барин, беқарор шуда,худам ба ҷустуҷӯяш меафтодам. Сай ҳамеша дар барам буд ва дар кору бори савдо ба ман ёрӣ мерасонд. Ҳамроҳам ба бозори Корвон рафта бор меовард, пули патентро супурданӣ шавам, маро ба нозироти андоз мебурд, хулоса, такягоҳам гашта буд. Вақтҳои холиямро мисли ду ошиқи шайдо дар куҳҳои Варзоб мегузаронидем. Ман акнун ҳаёти худро бе Сай ҳатто як лаҳза ҳам тасаввур карда наметавонистам, вале аз чӣ бошад, ки ошиқи зорам дигар дар бораи никоҳ лаб намекушод. Духтар, ки будам, худам дар ин бора гап сар кардан намехостам. Гумон доштам, ки Сай ягон проблема дорад ва онро ҳал намуда, баъдан ба хонаи мо хостгорӣ рафтанист, вале…

Пул додаму аз ёр мондам

Вақтҳои охир ҳис мекардам, ки Сай ким-чихел хаёлию дамдузд гаштааст, вале ҳарчанд кунҷковӣ менамудам, аз суҳбат гурехта чӣ мушкил доштанашро намегуфт. Ниҳоят як рӯз вай маддаи дилашро кафонда гуфт:

-Зарин, падару модарам маро аз хона пеш карданд. Чанд вақт шуд, ки шабҳоро дар даруни мошинам саҳар мекунам.
Ҳайрон шуда пурсидам:
-Ягон гуноҳ кардӣ ё онҳоро ранҷондӣ?
-Дар бозӣ пули калон бой дода бист ҳазор доллар қарздор шудам, агар пулро ёфта дода натавонам, маро мекушанд ё суд мекунанд,-гуфт дар ҷавоб ошиқам ва чашмонаш ҳавзи об гаштанд.
Дилам ба ҳолаш сӯхта, ӯро тасаллӣ додам. Сай лаб газида гуфт:
-Зарин, ғайр аз ту дигар касе маро дастгирӣ карда наметавонад. Илтимос, ҷонамро харида гир, то зиндаам хизмататро мекунам…
Мани сода ба шавҳари ояндаам кӯмак расонидан хоста, тамоми пули дар тӯли ҳаётам пасандоз кардаамро бароварда додам, бар замми ин, аз чанд шиносам пул қарз гирифтам, то мушкили Сай ҳал шавад. Гумон доштам, ки баъди ин наздиктарин ва маҳбубтарин одам мегардам барои ин мард, вале…
Баъди пулро гирифтан ошиқам якбора бе ному нишон шуда монд. Ғами ҷудоии ӯ мағзу устухони мани дар ишқ Лайлогаштаро месӯзонд, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, одамони қарздода ҳар рӯз ба сарам омада, пулашонро талаб мекарданд. Намедонистам сарамро ба кадом дар занам ва Сайро аз куҷо ёбам.

Барои он ки қарздорон маро ба суд накашанд, аз ҳисоби даромади дӯкони худам ҳар моҳ ба онҳо фоизи пулашонро медодам. Ҳамаи ин ба хотири он буд, ки ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медоштам ва дили ошиқам ҳанӯз бовар кардан намехост, ки ин мард маро фиреб дода, ба қавли русҳо «кидат» карда рафтааст…

Ба Русия ба суроғи ёр
Рӯзе парешонхотир нишаста будам, ки аз як рақами дурудароз ба телефонам занг омад. Ҳайрон шуда гӯшакро бардоштам ва бо шунидани садои Сай дилам ба рақс даромад. Ёри гумномам хабар дод, ки барои бар гардонидани қарзаш ба Русия мардикорӣ рафтааст ва маро ба назди худ хонда гуфт:
-Билет гирифта биё, дар ҳамин ҷо никоҳ карда, зиндагӣ мекунем, баъд ба Ватан рафта ҳамаашро ба падару модарат мефаҳмонем ва тӯй карда хешу таборро аз зану шавҳар шуданамон бохабар месозем…

Ба сукут рафта, чӣ ҷавоб доданамро намедонистам.
-Хайр, то охир дар ин ҷо мондан нахоҳӣ ҳам, ақаллан якҳафтаина биё, ман пули билетатро медиҳам, боз ҳазор доллари дигар медиҳам, бурда ба қарздорон медиҳию аз просентсупорӣ халос мешавӣ,-гуфт Сай дудилагии маро пай бурда.
Ҳар моҳ додани фоизи баланди қарзҳои барои Сай аз тоҷирони бозор гирифтаам барои ман душворӣ мекард, барои ҳамин қарор додам, ки ҳарчи бодо бод, ба наздаш рафта пули қарзро гирифта бар мегардам. Медонистам, ки падару модарам дар ду дунё иҷозат намедиҳанд, ки ман ба назди марди зандор равам, апаамро ба гап дароварда розӣ кунондам, ки ба падару модарам «хоҳарам як-ду ҳафта дар хонаи ман истода ба корҳоям ёрӣ расонад» бигӯяд ва аз аҳли оилаамон пинҳонӣ билет харида ба Русия ба суроғи ёр рафтам.

ДАВОМАШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД