Дӯстдорони бозиҳои компютерӣ метавонанд суръати “Интернет барои хона”-и ноқилиро аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” вусъат бахшанд. Махсусан барои истифодабарандагони хизматрасонӣ оператор опсияи “Steam”-ро таҳия намуд, ки он имкон медиҳад бозиҳо аз онлайн-сервиси ҳамном зудтар боргирӣ ва нав карда шаванд. Силсила шаш бастаро бо нархҳои аз 50 то 300 сомонӣ дар бар мегирад.
Steam - платформае мебошад, ки дар он зиёда аз 30 000 бозиҳо, аз ҷумла “Counter-Strike 2”, “DOTA-2”, “PUBG”, “Call of Duty”-ро метавон пайдо намуд. Опсияи нав то сатҳи назаррас суръати дастрасиро ба ин манбаъҳо баланд менамояд. Ҳамин тавр, агар бо тарофаи “Барои хона 5 Мбит/с” бастаи “Steam 20”-ро пайваст намоед, суръати интернет барои бозӣ то 20 Мбит/с баланд мешавад, дар вақти шабона бошад, ин нишондиҳанда ба 30 Мби/с баробар хоҳад шуд, яъне суръат шаш баробар зиёд мешавад.
Суръати дастрасиро ба манбаъҳои Steam шахси бозингар худ бо пайвасткунии бастаи зарурӣ интихоб мекунад. Ягона маҳдудияти комилан фаҳмо – пайвасткунии бастае, ки дар он суръати интернет аз интернети тарофаи асосии муштарӣ пасттар аст, номумкин мебошад. Масалан, бо тарофаи “Барои хона 20 Мбит/с” бастаҳои амсоли “Steam 10” дастнорас хоҳанд буд, зеро онҳо суръати кори манбаъҳои бозии Шуморо баланд намекунанд.
Суръати баландтаринро бастаи “Steam 50” таъмин менамояд. Он 50 Мбит/с-ро дар вақти муқаррарӣ ва 60 Мбит/с-ро шурӯъ аз соати 00:00 то 06:59 дар бар мегирад. Нархи баста – 300 сомонӣ. Бастаи хурдтарин – “Steam 5” 50 сомонӣ арзиш дорад. Муҳлати амали ҳамаи бастаҳои силсила – 30 рӯз.
Опсияи “Steam” имкон медиҳад, ки бо устувории пингҳо, бе таъхир бо табодули маълумот байни сервер ва компютери истифодабаранда бе монеа ба бозиҳо машғул шавед. Барои баъзе намудҳои махсуси бозиҳо чунин имконият хеле муҳим аст. Бо опсия танҳо манбаъҳои Steam вусъат меёбанд, манбаъҳои боқимонда, масалан, видеохостинги YouTube дар реҷаи пешина фаъолият хоҳанд кард.
“Бозиҳо – ин на танҳо як машғулияти дӯстдошта, ин як фарҳанги алоҳида аст. Дар баробари ин, як қатор манбаъҳои Steam аз киберварзиш иборат мебошад, ки рушди он дар Тоҷикистон аллакай чандин сол аз ҷониби ширкати мо дастгирӣ меёбад. Опсияи нав ба киберварзишгарони душанбегӣ имкон медиҳад, ки бо роҳати том ба бозиҳои худ машғул шаванд ва ба ғалабаҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омодагӣ бинанд”, - мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон Ғаниев.
Маълумот оид ба бастаҳо, ки дар доираи опсияи “Steam” дастрас ҳастанд, дар ҷадвали зерин оварда шудааст:
Оид ба тарофаҳо ва шартҳои пайвасткунии “Интернет барои хона” метавонед дар сомонаи оператор ё бо рақами 4747 маълумот пайдо намоед.
«Интернет для дома» ускоряет Steam
Любители компьютерных игр могут увеличить скорость проводного «Интернета для дома» от компании «МегаФон Таджикистан». Специально для пользователей услуги оператор разработал опцию «Steam», позволяющую быстрее скачивать и обновлять игры с одноимённого онлайн-сервиса. В линейке – шесть пакетов ценой от 50 до 300 сомони.
Steam – платформа, на которой можно найти более 30 000 игр, включая «Counter-Strike 2», «DOTA-2», «PUBG», «Call of Duty». Новая опция существенно увеличивает скорость доступа к этим ресурсам. Так, если с тарифом «Для дома 5 Мбит/c» подключить пакет «Steam 20», «игровой интернет» ускорится соответственно до 20 Мбит/c. А в ночное время – до 30 Мбит/с, то есть до шести раз.
Скорость доступа на ресурсы Steam геймер выбирает сам, подключая нужный пакет. Единственное вполне понятное ограничение – нельзя подключить пакет, на котором скорость интернета будет ниже, чем на базовом тарифе абонента. Например, с тарифом «Для дома 20 Мбит/с» пакеты типа «Steam 10» будут недоступны, потому что они не ускорят работу игровых ресурсов.
Максимальной скорости позволяет достичь пакет «Steam 50» – это 50 Мбит/с в обычное время и 60 Мбит/с начиная с полуночи до 06:59. Цена пакета – 300 сомони. Минимальный «Steam 5» обойдётся в 50 сомони. Срок действия всех пакетов линейки – 30 дней.
Опция «Steam» позволяет играть при стабильном пинге, без задержек при обмене данными между сервером и компьютером пользователя. Для некоторых игровых дисциплин это критически важно. С опцией ускоряются только ресурсы Steam, остальные, например, видеохостинг YouTube, будут работать в прежнем режиме.
«Игры – не просто хобби, это целая культура. К тому же ряд ресурсов Steam – дисциплины киберспорта, развитие которого в Таджикистане наша компания поддерживает уже несколько лет. Теперь пришло время и для пользователей проводного интернета. Новая опция позволит душанбинским киберспортсменам играть с максимальным комфортом и готовиться к победам на республиканских и международных турнирах», – говорит директор департамента развития и эксплуатации ФШПД компании «МегаФон Таджикистан» Алиджон Ганиев.
Информация о пакетах, доступных в рамках опции «Steam», в таблице ниже:
О тарифах и условиях подключения «Интернета для дома» можно узнать на сайте оператора или по номеру 4747.