Аз 22 то 27-уми апрел “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” таҳти шиори “Муҳофизати наслҳои ҳозира ва оянда бо роҳи гузаронидани иммунизатсия!” баргузор мегардад.
Ин маърака ҳамасола дар давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он шомил мебошад, гузаронида мешавад.
Имсол ЮНИСЕФ ва шарикони он 50-солагии оғози Барномаи асосии иммунизатсия (EPI)-ро ҷашн мегиранд. Ин барнома дар бартараф сохтан ва коҳиш додани бемории гул, амалан аз байн бурдани бемории фалаҷ ва ба таври назаррас коҳиш додани фавти кӯдакон беш аз 80 фисад дар саросари ҷаҳон саҳм гузоштааст.
Шуруъ аз соли 1974 давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барномаи мазкурро бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнин ва фавти аҳолӣ оварда мерасонанд, оғоз намуданд. Туфайли ин барнома сол то сол сатҳи бемориҳои сироятӣ бо шарофати истифода бурдан аз ваксинаҳои ҳаётан муҳим коҳиш ёфта истодааст. Ҳар як давлат Барномаи миллии иммунопрофилкатикаи худро дорад, ки дар доираи амалигардонии он тамоми чорабиниҳо баҳри нигоҳдории солимию дарозумрии аҳолӣ равона карда шудааст.
Ваксинаҳо моро ҳамчун як шахсият муҳофизат мекунанд ва барои якдигарро муҳофизат намудан низ кумак мерасонанд, зеро ҳар як шахси иммунизатсияшуда дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нақши калидӣ дорад.