Гузаргоҳи сарҳадии «Тоҷварон» – «Карамик» дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон расман кушода шуд.
Дар маросими кушодашавии гузаргоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин роҳбарият ва сокинони ноҳияҳои сарҳадии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон ширкат доштанд.