Рӯзҳои 4-5-уми октябр дар Муассисаи давлатии "Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара" мусобиқаи X байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар доданд аз ноҳияи Данғара ба Oila.tj.
Мусобиқа аз рӯи 10 вазн баргузор мешавад: байни мардҳо: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг байни занҳо: 52 кг, 57 кг ва +63 кг.
Дар ин мусобиқа варзишгарон аз Русия, Эрон, Узбекистон, Муғулистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд. Ғолибон бо медал ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд:
Ҷойи якум - 27 500 сомонӣ,
Ҷойи дуюм - 16 500 сомонӣ,
Ҷойи сеюм - 11 000 сомонӣ.