“Грижа”-и сутунмуҳра: сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои кам кардани дард
14.02.2026
Oila.tj
56

Солҳои охир шумораи афроде, ки аз чурраи сутунмуҳра азият мекашанд, хеле зиёд шудааст. Ин беморӣ бештар бо номи русии “Грижа”-и сутунмуҳра машҳур буда, тоқат кардан ба дарди ҷонкоҳаш душвор аст. Маъмулан грижаи сутунмуҳра бо роҳи ҷарроҳӣ бартараф карда мешавад,вале роҳу усулҳои дигари халосӣ аз ин иллат низ мавҷуданд.

Грижа аз чӣ пайдо мешавад?

Сабабҳои пайдоиши грижаи сутунмуҳра хеле зиёданд, вале омилҳои асосӣ инҳо мебошанд:

1.  Дискҳои байни сутунмӯҳраҳо бо мурури синну сол фарсуда мешаванд ва ба осонӣ осеб мебинанд;

2.  Омили ирсӣ, яъне ба бемории грижаи сутунмуҳра гирифтор будани хешҳовандони наздик. Хусусиятҳои ирсии бофтаи диск онро осебпазир мегардонад.

3.  Осеб дидани сутунмуҳра бар асари ҳодисаҳои нохуш аз қабили садамаи автомобилӣ, афтодан аз баландӣ, бардоштани бори вазнин ё ҳаракатҳои ногаҳонӣ, ки боиси осеб дидани дискҳо гаштааст.

Марҳилаҳои инкишофи беморӣ

Грижаи сутунмӯҳра марҳила ба марҳила инкишоф меёбад.

1.  Сароғоз дискҳои байни сутунмуҳра оҳиста-оҳиста васеъ мешаванд. Дар натиҷа фишор зиёд шуда, метавонад боиси кафидани як ё якчанд диски сутунмуҳра гардад.

2.  Вақте ки диск варам мекунад, мекафад ва деформатсия мешавад, дар атрофи он илтиҳоб ба вуҷуд меояд. Илтиҳоб ба тораҳои асаб, ки аз мавзеъи сутунмуҳра мегузаранд, таъсир мерасонад ва дар натиҷа дарди шадидро ба вуҷуд меорад.

3.  Вақте ки диск мекафад, аз дохили он як моддаи ба желе монанд аз ҳалқаи диск берун шуда, ба бофтаҳои атроф ва ҳароммағз зарари бештар мерасонад.

Чаро грижа дарди сахт ба вуҷуд меорад?

Аслан грижаи сутунмӯҳра метавонад тамоман аз худ дарак надиҳад ва бедард ҷараён бигирад. Дард вақте ба вуҷуд меояд, ки диск ё дискҳои осебдида тораҳои асабро, ки аз паҳлӯи он мегузаранд, пахш мекунанд. Ин ҳолат метавонад боиси карахт шудани гардан, миён, тахтапушт ва дасту пойҳо гардад. Дар баъзе маризон дар чунни ҳолат сихзании ин қисматҳои бадан ба мушоҳида мерасад.

Агар як қисми диски чурра ба канали ҳароммағз даромада, ҳароммағзро фишор диҳад, ҳамоҳангии ҳаракат вайрон мешавад ва  шахс худ ба худ пешпоӣ хурда, мувозинаташро гум мекунад.

Барои халосӣ аз дард чӣ бояд кард?

Барои халосбӣ аз дард пеш аз ҳама сабаби онро фаҳмидан лозим аст. Барои ин, шумо бояд ба невропатолог ё духтури терапевт муроҷиат намоед.

Дар ҳолатҳои зерин ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст:

1.  Агар дард дар сутунмуҳра пас аз ҷароҳат бардоштан-афтидан, садамаи нақлиётӣ ё бардоштани бори вазнни пайдо шуда бошад.

2.  Дард бениҳоят шадид аст ва шабона ё ҳангоми хобидан аҳволи мариз бадтар мешавад.

3.  Дард бо табларза, душвории пешоб кардан ё ҳоҷат кардан, карахтии пойҳо ё дастҳо, якбора кам шудани вазн ё баръакс варам кардан ҳамроҳ бошад ё минтақаи осебдида сурх шавад.

Роҳҳои содаи халосӣ аз дард

Агар нишонаҳое, ки дар боло қайд намудем, вуҷуд надошта бошанд, шумо метавонед кӯшиш кунед, ки мустақилона аз ин дард халосӣ ёбед. Маъмулан дар чунин ҳолатҳо бор усулҳои зерин дардро камтар кардан мумкинаст:

1.  Бо тавсияи духтур истифода бурдани дорӯҳои зидди илтиҳобии ғайристероидӣ дар муддати 5-7 рўз.

2.  Ба мавзеъи дардманд молидани малҳамҳое, ки компонентҳои зидди илтиҳобии ғайристероидӣ доранд.

3.  Қабули ваннаи гарм ва гузоштани “грелка” низ ба ором кардани мушакҳо ва камтар кардани дард мусоидат менамояд.

4.  Машқҳои махсуси табобатӣ. Ин машқҳоро 1-2 маротиба дар як рӯз анҷом додан лозим аст. Роҳи аз ҳама беҳтарин барои халосӣ аз дарди чурраи сутунмуҳра маҳз ҳамин машқҳо мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД