Дар таърихи Замин июл чун моҳи аз ҳама гармтарине, ки то ҳол чунин ҳолат сабт нашуда буд, ба ҳисоб меравад, хабар додааст хадамоти Аврупо оид ба таҳқиқот ва тағйиёрбии иқлим "Copernicus".
Гуфта шудааст, ки ин сабтҳои рекордӣ барои одамон ва сайёра, ки бо рӯйдодҳои бошиддат ҳарчи бештар дучор мешаванд, оқибатҳои фалокатбор доранд.
Июл моҳи дуюми фасли тобистон аст, ки дар он ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа гармтар ва боришот камтар пешгӯӣ шуд. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор дода буд.
Он замон гуфат шуда буд, ки дар ин моҳ дар водиҳо ҳаво 24+28, дар доманакӯҳҳо 30+35, дар минтақаҳои кӯҳӣ 12+14 ва дар шарқи Бадахшон 9+13 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад ва ҷоқеан ҳамин гуна шуд.