Arzon march 2024
ГАДОДУХТАР АРӮСИ МИЛЛИОНЕР ШУДУ...(ҚИСМИ 7)
6212

ДАВОМАШ...

-Магар писарчаат аз ягон зани дигарат аст, ки ҳамсарат ин қадар дер-дер хабаргирӣ меояд?

Маъруф аз ин пурсуҷӯҳо шарм дошта бошад ҳам, ғурури мардиро аз даст надода гуфт:

-Ман ягон зани дигар надорам, модари худаш аст, вале боз як духтарчаи навзод дорем, барои ҳамин Сарвиноз Далерҷонро дер-дер хабар мегирад. Мо аз падару модарам ҷудо зиндагӣ мекунем, касе нест, ки духтарчаамонро нигоҳубин кунад...

Моҷарои ошпазӣ

Ду ҳафта пас Далерро аз беморхона ҷавоб доданду Маъруф писарчаашро ба хона овард. Ҷӯраҳояш аз бемористон баромадани онҳоро шунида хабаргирӣ омаданд. Маъруф аз бозор гӯшту биринҷ ва майда-чӯйдаи бисёре харида овард ва аз ҳамсараш хоҳиш намуд, ки барои меҳмонҳо оши палав пазад. Сарвинози рӯбоҳчашм лабашро бурма карда бо ситеза гуфт:

-Худо ба ту барои чӣ ду даст додааст, худат пухтан гир, ман кор дорам!

аз шарм дар назди дӯстонаш замин накафид, ки Маъруф дарояд.

-Ҳеҷ гап не, янга шумо аз пайи кору бори худатон шавед, ошро ман худам мепазам,-хиҷолат кашидани Маъруфро дида гуфт ҷӯрааш Карим ва дасту остин барзада аз пайи тоза кардани пиёзу сабзӣ шуд.

Сафари ғайри интизор

Меҳмонҳо худашон ош пухта хӯрданд ва ҳамроҳи Маъруф каме аз ину он чақ-чақ карда баромада рафтанд. Маъруфи косаи сабраш кайҳо лабрез гашта базӯр то рафтани ҷӯраҳояш тоқат карду баробари аз дар баромадани онҳо гуфт:

-Сарвиноз, хеста чизу чораатро ҷамъ кун, падару модаратро хабаргирӣ меравем.

Аз нияти аслии шавҳараш бехабар Сарвиноз дарҳол меваю ширинӣ ва қанду қандалоти барои меҳмонҳо харидаи Маъруфро ҳамчун дастовез дар сумкаҳо ҷо кард, сипас либосҳои бачаҳояшро пӯшонд ва худро орову торо дода ба сафар омада шуд.

-Ҳама либосҳои худату бачаҳоро бигир,-амр кард Маъруф.

-Барои чӣ?-Ҳайрон шуд занаш.

-Ман якмоҳа ба сафар меравам, то омаданам шумоён дар хонаи падарат меистед,-Баҳона пеш овард Маъруф.

Сарвиноз хурсанд шуда беҳтарин либосҳояшро дар сумка ҷо намуда ба мошин бор кард. Маъруф оҳи сарде кашида аз пешонаи писарчааш бӯсид ва ба ронандааш фармон дод, ки муҳаррикро ба кор андозад. Мошин бо суръати баланд ба роҳ баромада хиёбонро тоб хӯрд ва дере нагузашта ба самти деҳае, ки волидони Сарвиноз он ҷо зиндагӣ мекарданд, тоб хӯрд. Онҳо қариб ду соат хомӯшона роҳ паймуданд. Дар ин муддат зану шавҳар бо ҳамдигар қариб, ки сухане радду бадал накарданд. Сарвиноз телефонӣ гоҳ бо ин дугонааш лақ-лақ мекарду гоҳ бо дигараш, Маъруф бошад, сари писарчаашро сила намуда бо Далерҷон машғул буд. Ниҳоят кулбаи фақиронаи падари занаш аз дур намоён гашт. Маъруф бо ваҷоҳати гирифта аз тирезаи мошин ба роҳҳои каҷу килеби пур аз чангу хоки деҳа нигариста худ ба худ хаёлан бо Сарвиноз моҷаро намуда дар дил гуфт: “Гадодухтари аҳмақ, ман туро аз ҳамин хел ҷойи нообод ба шаҳри калон бурда, соҳиби зиндагии шоҳона кардам, вале на ба қадри ман расидию на ба қадри зиндагии обод, акнун дар ҳамин қишлоқи пур аз чангу хок мурда меравӣ. Афсӯс, ки дар вақташ ба насиҳати падару модарам гӯш наандохтам. Онҳо беҳуда намегуфтаанд, ки ояндаатро фикр кун, ин духтар ба ту муносиб нест. Фарзандро модар тарбият мекунад, пагоҳ бачаҳои ту аз чунин модар чиро ёд мегиранд? Якравӣ карда ду поямро дар як мӯза андохтам, ки фақат Сарвинозро мегираму халос. Худкардаро даво нест, акнун бо касофатии ту беақли бетамиз фарзандони ман азоб мекашанд... ”

Кинои бе пул

Тормоз кардани мошин риштаи хаёлоти Маъруфро бурид. Бачаҳои деҳа фиси биниашон овезон дар як дам мошинро ҳалқапеч намуданд. Ин манзара ба ёди Маъруф бенавоёни филмҳои ҳиндиро овард ва лаҳзае писарчааш Далерро дар байни ин кӯдакони ҷандапӯш тасаввур карда, дилаш хун шуд. “Не, ман намемонам, ки бачаи ман дар чунин муҳит зиндагӣ карда пеш-пеши пойи мардум шавад, чизе, ки шаваду нашавад, Далерҷонро ҳамроҳам мебарам” қарор дод дар дил ва дари мошинро кушода фаромад.

Волидони Сарвиноз аз омадани духтару домодашон хурсанд шуданд, зеро Маъруф ҳеҷ гоҳ зану фарзандонашро дасти холӣ намеовард. Ҳамсояҳо ҳар бори ба хонаи падараш меҳмонӣ омадани Сарвиноз ба сари бому бомгӯшаҳояшон баромада тамошо мекарданд, ки чи тавр Маъруф аз мошинаш халтаҳои орд, флягҳои равған ва қанду қандалотро фароварда ба дасти хушдоманаш медиҳад. Ин дафъа низ баробари қарор гирифтани мошини Маъруф дар пушти дари хонаи хусураш дар як дам тамошобинони зиёде ҷамъ омаданд, гӯё ҳозиракак дар ин ҳавлӣ консерт ё сирк барпо мегашта бошад. Сарвиноз, ки табиатан худнамоиро дӯст медошт, мисли шоҳбону бовиқор аз мошин фаромада ба ронандаи шавҳараш амр кард:

-Зудтар сумкаю дастовезҳоро фароред!

Маъруф аз ин фармонфармоии занаш ба ғазаб омада бошад ҳам, дар дил “имрӯз охирин рӯзи салтанати ту аст, майлаш, боз камтараки дигар худатро дар назди ҳамсояҳоятон нишон дода катагӣ кун, баъд боз ба қатори онҳо медароӣ” гӯён, лаб зери дандон гирифта чизе нагуфт.

Суҳбати мардона

Модари Сарвиноз ҳамроҳи келинҳояш савғотиҳои овардаи домодро зуд ба анҷомхонаашон дароварда ҷо ба ҷо намуданд ва меҳмонҳоро ба меҳмонхона даъват карданд, вале Маъруф даст афшонда гуфт:

-Ташвиш накашед, мо дар ҳамин ҷо, дар болои кати салқин мешинем.

Келинҳо дар болои кати зери ҳавозаи ток дастурхон густурда нони гандумӣ, каме ангур ва як коса ҷурғот оварда монданду модари Сарвиноз хост нонро пора кунад, вале Маъруф бо ишораи даст хушдоманашро манъ карда гуфт:

-Хола, вақти ман бисёр кам аст, бояд зудтар баргашта ба шаҳр равам. Беҳтараш амакамро даъват кунед, ман ба он кас гап дорам. Як суҳбати мардона кунем...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД