Commerce bank may-june 2026
Фуд-блогер бо қурутоби тоҷикӣ дар Русия ҷойи аввалро ишғол кард
33

Ошпаз ва блогери тоҷик Зарифҷон Ҳоҷибоев, ки бо лақаби DjoniTedj машҳур гаштааст, дар мавсими дувуми лоиҳаи ошпазии Русия "Соҳибхоназанон бар зидди ошпазҳо: Ҷанг барои лаззат" ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал гаштааст.

Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, блогери тоҷик яке аз лазизтарин таомҳои миллии тоҷиконаро бо санъати баланди ошпазӣ омода ва пешкаш карда, ҳакамонро мафтун намуд ва оҳиби ҷоизаи баландтарини ин озмуни овозадор гашт.

Дар рафти озмун Зарифҷон Ҳоҷибоев дар бораи таомҳои миллӣ ва урфу одатҳои мардуми тоҷик маълумотҳои хеле ҷолиб дода, ҳайати ҳакамон ва тамошобинони сершуморро бо фарҳанги миллии мо ошно намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД