Sebiston new 2024 october
Фолбинзани 66 сола дар Хуросон дастгир ва қаллобкориҳояш ошкор гардид
1472

 

Дар ноҳияи Хуросон, як нафар пиразани солхӯрда Ҳотамова Бибигул соли таваллудаш 1966 сокини деҳаи Ҳақиқат, ҳангоми гузаронидани амали сеҳру ҷодуи навбатиаш аз ҷониби кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия боздошт карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ин зани солхӯрда ба ҷойи дар роҳи дуруст ҳидоят намудани аҳли ҷомеа, худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, бо ҳазорон макру ҳилла ба муштариёнаш ваъдаҳои беасос додааст, ки гӯё сеҳру ҷодуи онҳоро бароварда, дар гарм кардани муносибатҳои оиладорӣ, кушоиши кор, дармони дарду ҷинбарорӣ ба онҳо кӯмак мекарда бошад.

“Мушоҳидаҳои оперативӣ нишон доданд, ки бештари муштариёни ин пиразани фолбину ҷинбарор занон ва ҷавондухтарон буда, бо маблағҳои ҳангуфт аз “мушкилосонкун” - и хеш дармони дардашонро меҷӯянд”, - иттилоъ додааст РВКД дар вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни санҷиш зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда як миқдор қулфу калид, хонаи занбур, мӯи сар, сӯзан, хоки қабристон ришта ва як миқдор тӯмору таштоб дарёфт ва мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳотамова Бибигул парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД