Чойи кабуд нўшокии беназир аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи манфиатҳои нӯшидани чойи кабуд ба саломатӣ маълумот медиҳем.
1. Дар таркиби чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ моддаҳои фаъоли биологӣ, ки хосияти зиддимикробӣ доранд, зиёдтар аст.
2. Чойи кабуд капиллярҳо-рагҳои мўякиро қавӣ месозад ва ҷараёни хунофариро муназзам мегардонад.
3. Чойи кабуд сатҳи холестеринро дар хун паст месозад. Нафароне, ки чойи кабудро ба меъёр менўшанд, аз халалёбии мубодилаи моддаҳо, ки сарчашмаи бисёр бемориҳост, эмин мемонанд.
4. Ба шахсоне, ки аз бемории фишорбаландии шараёнӣ азият мекашанд, танҳо чойи кабуд нӯшиданро тавсия медиҳем, зеро он фишори хунро паст месозад.
5. Ҳангоми ба исҳоли хунин гирифтор шудан нӯшидани чойи кабуд муфид аст.
6. Чойи кабуд ба рехтани сангҳои хурди гурда мусоидат менамояд.
7. Чойи кабуд бемориҳои ҷигарро пешгирӣ мекунад.
8. Чойи кабуд раванди пиршавии организмро суст гардонида, ба ҷавону зебо мондани кас мусоидат мекунад.
9. Чойи кабуд пӯсти занону духтаронро нарм ва ҳамвор месозад.
10. Олимон исбот намудаанд, ки чойи кабуд хусусияти зиддисаратонӣ дорад.