Ҷасади як ҷавони нокомро дар Нуробод аз қаъри ҷарии 150 метра бо азобҳои алим бароварданд. Файзалӣ ҳамагӣ 23-сол дошт ва дар дил орзуҳои зиёде мепарварид, аммо фалаки бераҳм дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавони мисли уқоби чӯҷагир ғафларгир ва ҷавонмаргаш кард.
Ин ҷавони 23-сола бар асари як фоҷиаи хунин дар Нуробод ба ҳалокат расидааст. Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, рӯзи 25-уми июли соли равон дар деҳаи Истони ноҳияи Нуробод як ҳодисаи нохуши автомобилӣ рӯй дода, бар асари он як тан ҳалок ва боз як нафари дигар захмӣ шудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, ин фоҷиаи тақдирсӯз соатҳои 18:20-дақиқаи шоми 25-июл сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-66», Ҳасанов Шарофиддин Муҳиддинович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Истони ҳамин ноҳия аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба ҷарии ҷуқуриаш 150 метр чаппа кардааст.
Мусофири мошини мазкур Зиёев Файзалӣ Мирзоназарович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Нӯробод бар асари ин фоҷиа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, худи ронанда, Ҳасанов Шарофиддин Муҳиддинович ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мебошад.