Рӯзи 19-уми ноябри соли 2024 дар кинотеатри "Delphi LUX Kantstraße" дар доираи синамоҷашнвораи "Future Now-Central Asia" филми ҳунарии “Дов” намоиш дода мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти киностудияи “Довфилм”, филми ҳунарии “Дов” пас аз иштирок дар кинофестивали “Северний характер”-и Мурманск, ки санаи 16-уми ноябр анҷом меёбад, роҳи Берлинро пеш мегирад.
Филм аз саргузашти ду шефтаи олами санъат - Қаҳҳор ва Маннон ривоят мекунад, ки дар замони мушкили иқтисодӣ дар лотерея мошинро соҳиб мешаванд, аммо чизи дигарро аз даст медиҳанд...
Барои филми ҳунарии “Дов” ин иштироки 30-юмин дар кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад. То имрӯз филми мазкур соҳиби 24 ҷоиза гардидааст.