Иштироки коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар дар Фестивалкинои "Авруосиё" бесамар набуд. Филми "Дов"-и ӯ дар ин ҷашнвора соҳиби ду ҷоиза гардид. Дар ин бора Муҳиддини Музаффар дар шабакаи “Фейсбук” хабар дод.
Фестивали мазкур, ки рӯзи 17-уми октябр дар Маскав оғоз гардид, шоми 21-уми октябр анҷом ёфт ва беҳтарин филмҳо қадрдонӣ шуданд. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора ду коргардон, яке Муҳиддин Музаффар бо филми "Дов" ва дигаре Пайрав Шарифов бо филми "Сарчашма" намояндагӣ карданд.
Зимнан, филми "Дов" дар бахши "Туҳфаи ВАО" ҷоиза гирифт ва ҳамзамон ҳунарпешаи тоҷик Абдулмуъмин Шарифӣ, ки дар ин филм нақш офарида буд, дар бахши "Беҳтарин нақши бозигар" сазовори ҷоиза гардид. Ҷоизаи Шарифиро низ ба Муҳиддин Музаффар супурданд.
Аснои гирифтани ҷоизаи дуюм коргардони тоҷик ба созмондиҳандагони ҷашнвора пешниҳод намуд, ки платформае бояд ташкил шавад, ки тамошои беҳтарин филмҳои фестивалро фароҳам орад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаи гузашта филми "Моҳӣ дар шаст"-и Муҳиддин Музаффар дар Душанбе соҳиби ҷоизаи "Тоҷи Сомон" гардида буд.
Филми мазкурро "Тоҷикфилм" ва "ДОВфилм" якҷоя бо ширкати русии "Амкарт" ва ширкати телевизионии эронии iffilm сохтаанд. Қаҳрамони асосии филм Далери 10-сола хонандаи мактаб-интернат аст, ки барои мулоқот бо модараш тамоми Тоҷикистонро тай мекунад.
Ҳамзамон филми “Дов” рӯзи 20-уми октябр соати 12:00 дар “Дом кино”-и шаҳри Маскав пешкаши муҳоҷирони меҳнатӣ карда шуд, ки даромад озод буд.