formula
ФАРЗОНАИ ХУРШЕД АЗ ИШҚИ НАВУ ЧАНД "СЕКРЕТ"-ҲОИ АҶИБАШ ҚИССА КАРД
4223

Сарояндаи шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуршед сабаби бо сарояндаҳо дӯстӣ накрдан ва меҳру муҳаббат надоштан нисбати Фаридуни Хуршеду ошиқаш нақл кард.

Бонуи ҳунар ва ситораи саҳнаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар шабакаи “Пешсаф” меҳмони барнома шуда, аз зиндагии шахсӣ ва чанд хислати хубу бади худ нақл кард.
Ба наздикӣ Собиқ шавҳараш Фаридуни Хуршед соҳиби тифл шуд ва ба қавли Фарзона духтарашон Закия ба дидорбинии додараш ба хонаи падараш рафтааст. “Ман бисёр хушҳол шудам, ки ӯ ҳам соҳиби бахт ва фарзанд шуд. Закияро равон кардам, то падарашро табрик намояд ”,-қайд намуд Фарзона.
Пас аз фарзандор шудани Фаридун, мухлисони Фарзона зери аксҳои дар Инстаграмгузоштаи ӯ навиштаанд, ки: “Оооо Фаридун соҳиби фарзанд шуд. Ту сухтӣ!”, ё “Фаридун зан гирифт. Ту сухтӣ!”.

Фарзона бошад чунин намепиндорад ва ба ин гапҳои мухлисонаш чунин посух гардонд: “Худованд шоҳид аст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз оне, ки вай падари фарзандони ман аст,ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат эҳтиромаш мекунамаш, аз барои он, ки вай падари фарзандонам аст”.

Ба андешаи Фарзона шавҳар дар зиндагӣ барои зан аз ҳама инсони наздиктарин аст, вале баъд аз вайроншавии оила ӯ ба шахси аз ҳама бегонатарин мубаддал меёбад. Аз ин ҷост, ки 3-4 сол Фарзона, ба қавли худаш, бо Фаридун ҳатто ҳамсӯҳбат нашудааст.

“Аз ҳама хислати бад дидагии ман ҳамин аст, ки зиёд маблағи калон “расход” мекунам. Ҳангоме, ки “Шоппинг” мекунам, агар дар суратҳисоби кортам то як миллион сомонӣ ҳам бошад, нафаҳмида ҳамаи онро сарф мекунам. Баъд аз мағоза баромадан, ба сарам мезанаму “Ин чӣ кори кардаам буд?” гӯён пушаймонӣ мехӯрам”,-самимона арз дошт Фарзонабону.

Сабаби бо касе ошноӣ накардани Фарзона дар он аст, ки ӯ метарсад, то зиндагии касеро халалдор накунад ва ба қавли ҳофиза дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ"-таъкид дорад Фарзона.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД