Formula novemver 2024
Фарзандони Аҳмад Зоҳир дар Душанбе консерт медиҳанд
960

“Аз сафар хуш омадӣ”. Таҳти ин ном консерти фарзанд ва набераи булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир - Ришод Зоҳир ва Ёсин Зоҳир шоми 14-уми июн бахшида ба рӯзи мелод ва марги Аҳмад Зоҳир соати 19:00 дар Кохи Суруш баргузор мегардад.

Дар ин маҳфили ҳунарӣ ҳамчунин чанде аз сарояндаҳои номдори кишвар, ки дар пайравӣ ба мактаби Аҳмад Зоҳир суруд мехонанд, иштирок хоҳанд кард.

Ришод аз наврасӣ мисли падараш шавқи овозхониро дар дил мепарварид ва дар аввал таронаҳои падарашро мехонд. Соли 1987 дар 17-солагӣ нахустин албоми худро таҳти унвони «Гули интизор» нашр кард.

Ришод Зоҳир оиладор буда. соҳиби ду фарзанд мебошад. Писараш Ёсин, ки мисли бобояш ба овозхонӣ шуғл дорад ва духтараш Майна ном доранд.

Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, сафари Ришод Зоҳир рӯзи 9-уми июн сурат гирифта, то 24-уми июн идома мекунад.

Бояд гуфт, ки Ришод Зоҳир соли 1970 дар шаҳри Сиэтли Амрико ҳангоми дар сафар будани падараш таваллуд шудааст. Аҳмад Зоҳир он замон акнун вориди саҳнаи ҳунари Афғонистон гашта буд. Ришод писари Аҳмад Зоҳир ва завҷааш Ноҷия аст, вале онҳо аз ҳам ҷудо шуда, тарбияи Ришод ба ӯҳдаи модараш монд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД