Formula novemver 2024
ФАРҲОД ҒАФУРӢ: МАРГИ ПАДАР ҚОМАТАМРО ШИКАСТ!
15949

Хабари дар дарё ғарқ шудани актёр, режессёр ва сарояндаи ҷавон Фарҳод Ғаффурӣ мо, аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ-ро ба ташвиш овард ва пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд рақами телефонашро пайдо намуда, занг задем, то ҳақиқатро аз забони наздиконаш фаҳмем. Пас аз як лаҳҳа аз он ҷониб садои мардонае ба гӯш расид. 

-Ассалому алайкум!

-Салом!

-Ин телефони Фарҳод Ғафурӣ аст?

-Бале.

-Мебахшед, ман бо кӣ гап мезанам?

-Ман Фарҳод ҳастам. Ягон хизмат буд?

-Фарҳодҷон, шодем, ки садоятонро мешунавем.

-Овозаҳо ба гӯши шумо ҳам расиданд? (Механдад)Ба худо аҷибанд ин мардуми мо, як рӯз овоза паҳн мекунанд, ки ин ё он ҳунарманд ба садама гирифтор шудааст, рӯзи дигар касро дар дарё ғарқ мекунанд...

-Пас овозаи ғарқ шуданатон асос надорад?

-Албатта надорад! Аввалан, шукри худо ман шиновари хуб ҳастам, баъдан бекор нестам, ки ҳар рӯз оббозикунӣ равам.

-Мегӯянд, ки ба ковид гирифтор шуда, чанд муддат дар беморхона хоб будед...?

-Худо нишон надиҳад! Вақтҳои охир ба Русия ва дигар ҷумҳуриҳо бисёр сафар мекунам, шояд камнамо шуданамро дида, чунин овоза паҳн карда бошанд.

-Фарҳодҷон, барои муваффақ гаштани сароянда чи муҳим аст: пул, пушту паноҳ ё кӯшиши ғайрати худи санъаткор?

-Ман чандин сол мешавад, ки дар шоу-бизнес фаъолият дорам ва бо бисёр сарояндагон ҳамкорӣ дорам. Росташро гӯям, дар замонаи мо “бе пул суханат асар надорад” гуфтагӣ барин, кори ягон санъаткор бе пул пеш намеравад. Барои пайдо намудани матни хуб, оҳани хуб, аранжировка ва сабти суруд маблағи калон лозим аст. Ҷавононе, ки истеъдод дранд, зиёданд, аммо аз сабаби паст будани шароити иқтисодиашон наметавонанд ба саҳнаҳои калон роҳ ёбанд.

-Баъзе рақибонатон мегӯянд, ки фаҳод бисёр бачаи хасис аст, бисёр вақт ҳаққи заҳмати касонеро, ки барояш хизмат мекунанд, намедиҳад...

-Ин гапҳоро шахсоне мегӯянд, ки бо манягон робита ва ҳамкорӣ надоранд. Шукри худо, ман ба ғайр аз оне, ки сароянда ҳастам, боз ширкати худро дорам-маркази продюссерии Tajik Musc Production, бар замми ин, бо клипсозӣ машғулам ва студияи сабти овоз низ дорам. Аз кӯдакӣ бачаи меҳнатӣ будам ва ба қадри меҳнати дигарон мерасам. Ҳаргиз ҳаққи касеро нахӯрдаам ва намехӯрам.

-Пас аз марги падар дар ҳаёти шумо чӣ дигаргунӣ ба вуҷуд омад?
-
Оҳ, ака, ба ин саволатон ҷигарома пора-пора кардед. (мегиряд). Одамизод, то дард набинад,ҳоли дардмандонро намефаҳмидааст. Ман ҳам баъди марги падарам чи будани дарду доғи бепадариро дар ҷисму ҷони худ эҳсос кардам. Марги падарам қомати маро шикаст ва болу паре, ки доштам, рехт. Падарам дар корҳои эҷодиям ҳамеша роҳнамоӣ ман буданд. Ба ҳар маҳфиле, ки даъват мешудам, ҳатман падарамро ҳамроҳ мебурдам. Пас аз марги падар ман бе ситораи роҳнамо мондам, вале худоро шукр мегӯям, ки модарам дар болои сарамон зиндаву саломат ҳастанд.

-Дар аксари таронаҳоятон шумо аз дарди ишқ менолед...?

-Инсон ҳамеша бояд ошиқ бошад, чунки зиндагӣ худаш аз ишқ шурӯъ мешавад. Ба ҳамин хотир ман бештар аз ишқ месароям.

-Мегӯянд, ки Фарҳод се зан ва чанд маъшуқаи дигар дорад...

-Канӣ ҳамон маъшуқаҳо? (механдад) Ҳазл кардам. Ман хеле серкор ҳастам ва вақти маъшуқабозӣ надорам. Се зан доштанам бошад, воҳима аст. Як зан дорам ва дузанагиро ҳатто орзу ҳам накардаам.
-Мабодо аз сарояндагӣ даст кашед, ба чӣ кор машғул мешавед?

-Меҳри ҳунари сарояндагӣ дар рагу пайванди ман ҷой гирифтааст ва нияти иваз намудани касбамро надорам, вале рафту чунин шавад ҳам, бе кор намемонам. Ман ширкати шахсии худро дорам, соҳибкор ҳастам, тиҷорат карда, зиндагиамро пеш мебарам.

-Таманниёти шумо ба мухлисонатон?
-
Тану ҷонашон сиҳат бошад ва ҳеҷ гоҳ дарду ғамро набинанд. Дуо мекунам, ки ин вабои оламсӯз зудтар аз кишвари мо ва аз тамми олам несту нобуд шавад. Ғарибонро Худо ҳамеша дар паноҳаш нигаҳбон бошад.

- Ташаккур!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД