Фараҳноз Шарафова, овозхони 18-солаи тоҷик, ки вақтҳои охир дар сабту пахши сурудҳо ниҳоят фаъол аст, таронаи навбатии худро пешкаш кард.
Суруд “Маро бӯс” ном гирифта, бо ду забон, тоҷикиву қисман арабӣ суруда шудааст. Номи муаллифи шеър қайд нагардидааст, вале оҳанги он арабӣ мебошад. Сурудро аз рӯзи нашраш то кунун дар саҳифаи “Ovoz.Tj” дар шабакаи YouTube зиёда аз 220 ҳазор нафар аз назар гузаронида, зиёда аз 600 нафар шарҳ гузоштаанд. Корбарон бештар овози форами овозхонро васф карда, аз он ки аз ӯҳдаи сароидани суруд бо забони арабӣ ба хубӣ баромадааст, ситоиш кардаанд. Фараҳноз Шарафова ба ҷавониаш нигоҳ накарда, аллакай доираи ҳаводорони худро дорад. Сурудҳои ӯро дар шабакаи YouTube ҳатто то як миллион маротиба низ аз назар гузаронидаанд.