formula
Фахриддинро дарди ҷигар аз миён бурд
968

 

Фахриддини Назар, ки ҳамчун Фахриддини Кӯлобӣ маҳбубу машҳур буд, дирӯз, 16 апрели соли 2023, ки даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон аст, дунёи фониро тарк кард. Дар ин бора ҳаҷвнигор Дӯстмурод Шарипов хабар дод.

Ӯ бо нашри як навор гуфт, одамизод мисли ризқ аст, меояду меравад. “Бародари мо Фахриддин, ки марҳумро ҳамчун овозхон мешинохтам, тайи якуним-ду моҳи охир аз бемории ҷигар ранҷ мекашид ва ҳамин беморӣ ӯро аз миёни мо рабуд. Дар ин даҳаи охир дуо кунем, ки Худованд ҳамаи моро бубахшад”, - гуфт Дӯстмурод

Корбарони интернет нисбат ба марги ин овозхони ҷавон изҳори таассуф ва ба хонаводааш изҳори тасалият карда, барояш дуои нек намуданд. Ҳатто чанд чеҳраи шинохта навишт, ки марҳум дар тӯйи яке аз пайвандонаш хизмат кардааст.

Фахриддини Назар қариб ду даҳсола овозхонӣ мекард ва сурудҳояш асосан сабки минтақавӣ дошта, аз ашъори халқӣ месароид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД