Ҳамасола дар арафаи Рӯзи Модар ва иди бонувон азҷониби Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони касбу кори гуногун, махсусан занони собиқадор, ки дар рушду нумуи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Имсол низ дар доираи ин иқдом тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ба як зумра занони собиқадор, ки дар рушду нумуи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, 5000 (панҷ ҳазор сомонӣ) аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 3000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллатро Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорон тақдим намуд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.
Дар баробари ин намояндагони Ҳукумати мамлакат ба хонаҳои собиқадорон, аз ҷумла Низорамоҳ Зарипова, Рафиқа Мусоева, Муҳиба Ёқубова ва Адолат Раҳмонова рафта, кумакҳои моддиву пулӣ расониданд.
Собиқадорон иброз намуданд, ки минбаъд низ чун қишри фаъоли ҷомеа ва маслиҳатчиёни ҷавонон дар иҷрои ташаббусҳои созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати худро анҷом медиҳанд.