goodwell
Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар Осиёи Марказӣ таъкид карданд
08.10.2026
Oila.tj
53

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳия ва татбиқи тарҳи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафтро дар асоси технологияҳои нав ва бо дарназардошти ниёзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид карданд.

Ин пешниҳодро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 8-уми октябр зимни ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Авазаи Туркманистон баён карданд. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки рӯйхати тарҳҳои афзалиятноки соҳаи энергетика таҳия шуда, роҳҳои маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ гарданд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, иқлим, технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД