arzon replenishment
Ёде аз Нигина Рауфова
859

Ин раҳаки Данғара раҳи сӯзонай,

Аскарбача рафтай, модараш нолонай...

Насли нисбатан калонсол ин таронаро хеле хуб дар ёд доранд. Замони Шӯравӣ ин суруд ва сарояндааш Нигина Рауфова хеле машҳур буданд. Он вақтҳо облава набуд. Ҷавонон бо ихтиёри худ ба аскарӣ мерафтанд, зеро ба ҷо овардани хизмати Модар-Ватан оини ҷавонмардӣ ва мояи ифтихор маҳсуб меёфт. Ҳазорон-ҳазор модарон бо ин таронаи Нигина Рауфова роҳи писари ба аксарӣ рафтаи худро мепоиданд ва вақте аскарбача бо сари баланд ба хона бармегашт, волидонаш тӯйи калоне меоростанд, ки фарзанди онҳо қарзи ҷавонмардии худро ба ҷо оварда ба маънои томаш МАРД шуда баргаштааст.

Аз таронаи “Аскарбача” ёд карданамон беҳуда нест, зеро имрӯз сарояндаи ин суруди пурмаъно, булбули боғи санъати тоҷик Нигина Рауфова ба синни мубораки 80-солагӣ мерасид, агар аждари марг ба гиребонаш панҷа намезад...

Нигина Рауфова фарзанди даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Ӯ ҳамагӣ 12 рӯз пас аз ғалаба – 21-уми майи соли 1945 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи зебоманзари Файзобод чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Меҳри санъат аз овони кӯдакӣ бо чаҳ-чаҳи мурғакони хишилҳон ва навои чашмасорон дар қалбаш маъво гирифта бошад ҳам, пас аз хатми мактаби миёна ӯ дар комбинати бофандагии шаҳри Душанбе, ки бо номи Текстил машҳур аст, ба кор оғоз менамояд. Дар баробари фаъолияти меҳнатӣ Нигина Рауфова дар ҳайъати дастаи ҳаваскорони санъати коргоҳ ҳунарнамоӣ мекард ва аз ҳамин даста ба саҳнаи калон роҳ ёфт.

Соли 1971 Нигина Рауфоваро ба ансамбли “Рубобчизанон” ба кор даъват менамояд. Баъдтар ба ансамбли “Шашмақом” ва аз он ҷо ба “Дарё” гузашта, то замони ба нафақа баромаданаш дар ин даста кор кард.

Ин зани сар то ба по ҳунар асосан бо таронаҳои дилнавози халқиаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Сурудҳои Нигина Рауфова

«Аскарбача», «Бӯи гул», «Қадат баланд аст ёр», «Духтари каҷтоқӣ», «Нозам ба чашмонат», «Наргиси шаҳло» ва ғайра вирди забони хурду калон буданд.

Барои хизматҳои арзандааш дар зинда нигоҳ доштани таронаҳои халқӣ ва рушду нумӯъи санъати тоҷик Нигина Рауфова соли 1966 бо Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шуда, соли 1977 ба унвони баланди Артисткаи Халқии Тоҷикистон сазовор гаштааст.

Вай ҳамеша дар саҳна рақскунон суруд мехонд, вале дар зери хандаҳои ин булбули саҳнаи тоҷик як ҷаҳон дард ниҳон буд. Оқибат қалби Артисткаи Халқии Тоҷикистон Нигина Рауфова ба ин дардҳо тоб наоварда, 22-юми декабри соли 2010 бар асари сактаи дил аз олам гузашт. Ёдаш ба хайр ва манзили охираташ ҷаннати ҷовидон бод!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД