Arzon march 2024
Ё САРНАВИШТИ ТАЛХИ ТОҶИКДУХТАРЕ, КИ ШАВҲАРИ МИЛЛИОНЕР МЕХОСТ (ҚИСМИ 4)
18.05.2021
Дилошӯб
9633

 

ИДОМААШ...
Дилҷӯ ҳангоми гашту гузораш ҳамроҳи Судайс барои ҳамаи апаҳояш ва модараш гушвораҳои тиллоӣ харида буд, пули онҳоро низ Судайс дод. Апаҳояш бо дидани ин тӯҳфаҳои шоҳона хоҳарашонро зери саволу ҷавоб монданд, ки аз куҷою аз ки?! Дилҷӯ чизеро пинҳон накарда ба онҳо гуфта дод, ки бо марди сарватманде шинос шудаасту Худо хоҳад зиндагияш тағир меёбад. Модараш изҳори норизоӣ карда буд, ки апаҳояш пуштии хоҳарашонро гирифта гуфтанд, ки монед очаҷон ҳаминатон бахташро бинад. Дилҷӯ аз ҳисоби пулҳои додаи Судайс мағозаи атриёт кушоду модарашро аз азоби зарфшӯйи халос кард Акнун онҳо аз ҳисоби тиҷорати начандон калонашон пули хуб меёфтанд. Ҳабиба дигар ба Дилҷӯ кор нагирифт, зеро Судайс инро ба ӯ таъкид карда буд…

                                Меҳмонҳои нохонда

Пас аз шаш моҳи омаданашон аз Ҳиндустон як мард ба Дилҷӯ занг зада, худро шиноси Судайс Абдулазиз муаррифӣ карда гуфт, ки ба Дилҷӯ гап дорад. Дилҷӯ ба яке аз тарабхонаҳои бонуфуз ба вохурӣ бо шиноси Судайс рафт. Гулен, марди 50-55 сола, турк буда худро ҳуқуқшиноси ширкати дар Туркиё будаи Судайс гуфт. Дилҷӯ дар ин муддат ба курси забони арабӣ рафта бо ин забон хеле озод гап мезад ва сӯҳбати онҳо арабӣ сурат гирифт. Мард ба Дилҷӯ гуфт, ки бо супориши ҷаноби Судайс ба мамлакати шумо омадаам. Мақсад ҳамин аст, ки аввал барои шумо хонаи мехостаи худатонро харидорӣ карда, баъд ҳуҷҷатҳоятонро тахт кунем баъди ин ҷаноб шуморо дар Дубай пешвоз гирифта бо ҷойи кор таъмин хоҳанд кард. Дилҷӯ дар вақти сӯҳбат дар Ҳиндустон ба Судайс гуфта буд, ки мехоҳад хонаи шахсии худро дошта бошад. Онҳо рӯзи дигар вохӯрӣ таъин карда бо ҳам хайру хуш карданд. Дилҷӯ ба модараш гуфта буд, ки ба падараш нарм карда фаҳмонад, ки ӯ ҳамин гуна шинос ёфтааст. Падари аз дасти мардикорӣ ба ҷон расидааст гуфтааст, ки ман розӣ, сарамро миёни дӯсту душман хам накунад шуд. Модараш бо шунидани он ки Судайс барои духтараш хона мегирад, каме парешон шуда гуфт, ӯ туро ба занӣ гирифтанӣ аст, вагарна чаро бароят хона мегирад? Дилҷӯ модарашро ба оғӯш гирифта гуфт, очаҷон Судайс аз ман бист сол калон ҳам бошад, хеле ҷавон менамояду ситорагарму хушзабон аст. Агар зани даҳум ҳам бошад ман розӣ, наход мо фақат зарф шӯста гардем, падари бечораам ҳам пир шудааст, биёяд ба ватан… ҳамааш хуб мешавад. Рӯзи дигар Гулен аз интернет чанд ҳавлии зеборо, ки дар маркази шаҳр ба фурӯш гузошта шуда буданд ба Дилҷӯ нишон дод. Духтар гумон дошт, ки ягон хонаи яу ё дуҳуҷрагӣ мехаранд, вале нархи ҳавлиҳоро дида ҳуш аз сараш канд, вале худро бой надод. Дар ин байн Судайс ду бор телефон карда бо Дилҷӯ ҳамсӯҳбат шуд. Баъди маслиҳати серӯза онҳо аз маркзи шаҳр ҳавлии сеошёнаи зебоеро харидорӣ намуданд, соҳибаш қарздор будаасту онро бо тамоми ҷиҳозаш фурӯхт. Гулен пеш аз рафтанаш ба дасти Дилҷӯ боз сӣ ҳазор доллари дигар дода хайру хуш кард ва гуфт, ки туро дар Арабистон мунтазирем. Ҳуҷҷатҳоят тахт, ки шуд хабар деҳ….

                          Сӯҳбатҳои ошиқона

Гулен аз Туркия барои Дилҷӯ нотбуки қиматбаҳое оварда буду акнун духтар гоҳ- гоҳ бо Судайс тариқи скайп сӯҳбат мекард. Аввалин коре, ки Дилҷӯ кард падарашро аз муҳоҷират баргардонд.  Волидонаш ба ҳаққу ҳамсоя гуфтанд, ки ҳавлиро бо пули аз муҳоҷират овардаи падараш хариданд, ҳама ҳайрон буданд… Дилҷӯ боз як мағозаи хӯроквориро харида ба падараш дод, падараш ки дар муҳоҷират ба савдо сару кор дошт зуд роҳи корро ёфт. Акнун ӯ бо волидонашу додараш дар ҳавлии сеошёнаи барҳаво зиндагии шоҳона доштанд. Хонаи кӯҳнаашонро таъмири олӣ намуда ният карданд, ки додарашро хонадор карда рост ба ҳамон ҷо мебаранд. Акнун Диловар дар синфи 11- беҳтарин гимназияи кишвар мехонду барои дохил шудан ба мактаби олӣ тайёрӣ медид.

Судайс дар Ҳиндустон бо Дилҷӯ ҷиддӣ сӯҳбат мекард, аммо тариқи скайп суханҳои ошиқона мегуфт, Дилҷӯйи дар ҳирси молу чиз афтида низ ба ӯ посухҳои ширин мефиристоду марди аҷнабиро девона мекард. Судайс мегуфт:-Азизам ман маъшуқаҳои зиёде доштам аз миллатҳои гуногун, аммо ба ҳеҷ кадоми онҳо аз равзанаи дили ошиқ нигоҳ накарда будам. Танҳо туро дӯст доштам… Ман аз як нигоҳ фаҳмидам, ки ту духтари бегуноҳиву дасти мард ба дастат нарасида, боварӣ дорам шаҳди лабони туро аввалин бор ман мечашаму аз боғи латофатат гулҳо мечинам. Бовар намо ман ҳамаи орзуҳоятро амалӣ мекунам… Дилҷӯ аз ин ваъдаҳои ошиқи тиллоияш гул-гул мешукуфт…

                                   Насиҳати Ҳабиба

Дилҷӯ пайи даводави тахт намудани ҳуҷҷатҳояш буд, ки пеши сафоратхона Ҳабибаро вохӯрд. Ҳабиба сар то пойи духтарро аз назар гузаронида гуфт:-Чӣ ҳол дорӣ моҳи камнамо?! Дилҷӯ гарму нарм бо Ҳабиба салому алейк карда гуфт, ки Худо хоҳад барои кор ба Арабистон меравад. Ҳабиба ба рӯйи ӯ синчакорона нигариста насиҳатомез пичиррос зад:-Дилҷӯ, ман медонам, ки ту пеши Судайс меравӣ, аммо эҳтиёт бош. Судайс марди сарватманду дилкушод аст, аммо боз кӣ медонад…. Ӯ дар бораи ту аз ман бисёр чиз пурсид. Ман росташро гуфтам, гутамаш ки ту аз оилаи миёнҳол ҳастию хеле баномус, танҳо ба хотири беҳ намудани зиндагият ба кор бо ман розӣ шудӣ. Ҳатто гуфтамаш, ки ман бо фиреб туро шомили гурӯҳам сохтам, медонӣ барои чӣ? Барои он ки онҳоро фиреб дода намешавад, ин тоифа метавонанд дар ватани худат рӯятро сиёҳ созанд. Гумон мекунам, ки Судайс ба ту назари ҷиддӣ дорад, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт… Дилҷӯ ба Ҳабиба раҳмат гуфту аз назди ӯ дур шудан замон ҳарфҳояшро фаромӯш сохт, зеро ҳирси пулу мол чашмонашро кӯр карда буд.

                               Рӯ ба мусофират

Бо гузаштани як моҳ Дилҷӯ бо падару модараш маслиҳат карда ба Арабистон парвоз намуд. Дар фурӯдгоҳ ӯро Гулен истиқбол гирифта ба мошини қимматбаҳои сиёҳшишае савор намуда ба роҳ баромад. Бо гузаштани ним ё як соат онҳо назди қасри бошукӯҳе қарор гирифтанд. Бо роҳбаладии Гулен ӯ ба хона даромад, бино як музейи муҳташамро мемонд. Ҳангоми ба хона даромадан онҳоро ду хизматгорзани пастқомати ба чиниҳо монанд пешвоз гирифтанд. Гулен онҳоро ба Дилҷӯ шинос карда гуфт:-Инҳо Робия ва Руъё хизматгорони ин қасранд, яке ба тозагӣ ва дигаре ба пӯхтани хӯрок муазаффанд. Нав фаҳмидам, ки чиниҳо ҳам номҳои тоҷикӣ доштаанд, шухӣ кард Дилҷӯ.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД