Formula novemver 2024
Ё САРНАВИШТИ ТАЛХИ ТОҶИКДУХТАРЕ, КИ ШАВҲАРИ МИЛЛИОНЕР МЕХОСТ (ҚИСМИ 3)
17.05.2021
Дилошӯб
8812

ИДОМААШ....

Ходимони тарабхона эшонро на бо роҳи асосӣ, балки бо роҳи дигаре вориди хонаи калоне карданд. Дар ин ҷо мизе гузошта шуда буду духтарон барои болидарӯҳӣ каме хӯроку қаҳваю ширинӣ истеъмол намуданд. Дили Дилҷӯро бори аввал дар тӯли сафар сиёҳӣ пахш кард ва аз омаданаш бо Ҳабиба ба ин диёри бегона ба ташвиш афтод.

                             Дар ҳалқаи гургони маст

Духтарон бояд даҳ номераи рақсӣ нишон медоданд. Аз ин панҷтояш гурӯҳӣ ва панҷи дигар яккарақс буд. Дилҷӯ аслан дар рақсҳои гурӯҳӣ ҳунарнамоӣ мекард. Пеш аз ба саҳна баромадан, ба онҳо куртаҳои ҳарире пӯшониданд, ки тамоми андомашон метофт. Ҳабибаи маккора таҳпӯшҳояшонро низ чуноне интихоб намуда буд, ки аз тӯри тунук иборат буд. Дилҷӯ мефаҳмид, ки ҳамаи ин шармандагии гӯшношунид аст, аммо ҳама гуфтаҳои Ҳабибаро иҷро мекард. Ӯ намедонист, ки ҳарфҳои ин зан чӣ сеҳре доранд, ки ҳама духтаракон мутеи ӯ буданд. Дигарон бе парво либосашонро пӯшиданд, танҳо Дилҷӯ мешармиду аз сафари кардааш пушаймон буд. Рақси аввалашон зери навои тоҷикӣ буд, чун онҳо ба саҳна баромаданд, Дилҷӯ ҳаросон ба атроф назар кард. Сари мизҳои пурнуқлу наво даҳ- понздаҳ нафар мардони босалобат менишастанд, ки бо нигоҳашон духтарони нимбараҳнаро мехостанд нӯши ҷон кунанд. Духтарон аз таҳти дил мерақсиданд, баъди анҷоми рақс яке аз мардҳо омада, Дилҷӯро рӯйи даст бардошта, ба назди мизаш бурд ва ба забони русии шикаста гуфт:

- Ту бо ман менӯшӣ, нозанин.

Дилҷӯ талхакаф шуда бошад ҳам, худро ба даст гирифта гуфт:

-Раҳмат, ман наменӯшам… Марди сиёҳҷурда бо ҳайрат ба ӯ нигоҳ карда, пичиррос зад: -ҳа… ту нашъамандӣ…

Дилҷӯ ба тароф нигарист, мехост касе пайдо шаваду ӯро аз истинтоқи ин сиёҳҷӯрда халос намояд, вале касеро парвои ӯ набуд. Гургони масти сари мизҳо қарордошта бо шавқ ларзидани тани бараҳнаи Имдода-раққосаи дигарро тамошо доштанд. Аз Ҳабиба бошад, дарак набуд. Дилҷӯ худро ба даст гирифта, оромона гуфт:

-Не, ман на нашъамандаму на майхора, ман фиребхӯрдаам, илтимос, ба ман кордор нашавед. Дилҷӯ худро ором нишон диҳад ҳам, намедонист, ки чӣ мегӯяд. Мард дар ҳайрат дасти Дилҷӯро гирифта, аз толори пазироӣ ба утоқи дигар гузашт. Ҳамин вақт Ҳабиба пайдо шуда, ба забони англисӣ ба мард гуфт:

-Ҷаноби Судайс, духтарро ҷавоб диҳед, ӯ бояд бирақсад. Дилҷӯ англисиро хуб балад буд ва бо ҳамин забон ба зорӣ гузашт ва аз мард хоҳиш кард то ба ӯ кордор набошад, аммо Судайс бо лабханди маҳин Ҳабибаро ба гӯшае бурда, ба дасташ як бандча доллар доду гусел намуд ва худаш назди Дилҷӯ баргашт…

                         Сӯҳбати марди аҷнабӣ

Судайс дасти Дилҷӯи ҳайратзадаро гирифта, аз ин утоқ ба утоқи дигар гузашт, бо ишораи ӯ дар як лаҳза хони зебое оростанду мард бо духтар дар сӯҳбат шуд. Онҳо гоҳ русӣ сӯҳбат мекарданду гоҳ англисӣ….

Судайс аввал бо Дилҷӯ чун бо як духтари сабукпо хеле сарсарӣ гап мезад, аммо оҳиста–оҳиста чизеро эҳсос кардагӣ барин нарм шуд.

Судайс яке аз сарватмандони машҳури араб буд ва ширкати ӯ дар тамоми ақсои олам филиалҳои худро дошт. Ин марди миллионер ба тиҷорати нафт сару кор дошт, ҳарчанд се зану фарзандони зиёд дошт, вале хеле айёшу булҳавас буд. Имрӯз Дилҷӯро аз байни духтарони тоҷик бамаззатарин луқма пиндошта, аз даҳони гургони дигар канда гирифт, вале аз сӯҳбати духтар фаҳмид, ки фиреб хурдааст, аз ин рӯ, мехост ӯро бо ширинӣ ром кунад. Дилҷӯ бо забони англисӣ он қадар равону зебо гап мезад, ки Судайс дар ҳайрат монд. Мард ба чеҳраи зебои духтар нигариста гуфт:

-Ту забони англисиро дар куҷо омӯхтаӣ?

-Дар мактаб,- нарм шудани мардро дида, боҷуръаттар ҷавоб дод Дилҷӯ. -Ман боз худомӯзӣ карда, арабиро низ медонам, «Қуръон»-ро мехондаму маънияшро намефаҳмидам, аз ин рӯ, чанд моҳ аз як хонуми шинос забони арабӣ низ омӯхтаам.

Судайс ба ҷавобҳои тифлонаи духтар ҳавасаш омаду онҳо чанд сухан бо арабӣ низ радду бадал карданд.

-Аҳсан, аҳсан,- бо ханда гуфт Судайс ва илова кард, ки ӯ русиро худомӯзӣ кардааст.

Баъд Судайс аз Дилҷӯ пурсид, ки барои чӣ бо ин зеҳни тез касби дигарро интихоб накарда, раққоса шудӣ?! Дилҷӯ дар ҷавоб гуфт, ки ман коллеҷи тиббиро имсол хатм мекунаму дар ин гурӯҳ аслан табибӣ мекардам, вале оҳиста-оҳиста меҳри рақс боло гирифту…

-Аз ин рӯз иборатан ту дигар рақс намекунӣ, коллеҷатро тамом кун, ман туро духтурӣ шахсӣ мегирам, соҳиби ҳама чиз мешавӣ…

                              Афсонаи зиндагӣ

Як ҳафтаи дар Ҳиндустон будан, Судайс ӯро ба тамоми гӯшаҳои зебои ин шаҳри афсонавӣ бурд. Ӯ рӯзона духтарро ҳамроҳаш мебурд, шаб ба меҳмонхона назди духтарон меовард. Ҳабиба ва дигар духтарон Дилҷӯро ташвиқ мекарданд, ки дили Судайсро ёфта, зани ӯ шавад ва баъд барои духтарони раққоса кори хуб ёфта, онҳоро ба Арабистон барад. Аммо Дилҷӯ хандида мегуфт, ки Судайс дар бораи хонадоршавӣ ҳатто ҳарф намезанад ва тули ин рӯзҳо, ҳатто ӯро набӯсидааст…

Мӯҳлати сафар ба охир расиду духтарон ба Ватан баргаштанд, онҳо бо чизу чораи зиёд омаданду пули хуб ҳам кор карданд. Ҳангоми хайрухуш Судайс ба гардани Дилҷӯ гарданбанди қимматбаҳое баста, ба дасташ бист ҳазор доллар дода гуфт:

-Ин пул барои яхмосу шакалод хӯрданат. Ман туро меёбам…. Дилҷӯ дар бораи бист ҳазор доллар ба касе чизе нагуфт, танҳо гарданбандашро ба духтарон нишон доду бас. Ҳабиба ӯро тарсонда гуфт:

- Пули бисёр дошта бошӣ дар фурӯдгоҳ намемонад, деҳ ман гузаронида диҳам. Аммо Дилҷӯ таввакалан пулҳоро даруни сумкаи дасташ гузошта аз гумрук гузашт ва касе аз ӯ напурсид, ки чӣ дорӣ? Дилҷӯ ҳангоми гашту гузораш ҳамроҳи Судайс барои ҳамаи апаҳояш ва модараш гушвораҳои тиллоӣ харида буд, пули онҳоро низ Судайс дод. Апаҳояш бо дидани ин тӯҳфаҳои шоҳона хоҳарашонро зери саволу ҷавоб монданд, ки аз куҷою аз ки?! Дилҷӯ чизеро пинҳон накарда ба онҳо гуфта дод, ки бо марди сарватманде шинос шудаасту Худо хоҳад зиндагияш тағир меёбад. Модараш изҳори норизоӣ карда буд, ки апаҳояш пуштии хоҳарашонро гирифта гуфтанд, ки монед очаҷон ҳаминатон бахташро бинад. Дилҷӯ аз ҳисоби пулҳои додаи Судайс мағозаи атриёт кушоду модарашро аз азоби зарфшӯйи халос кард Акнун онҳо аз ҳисоби тиҷорати начандон калонашон пули хуб меёфтанд. Ҳабиба дигар ба Дилҷӯ кор нагирифт, зеро Судайс инро ба ӯ таъкид карда буд…

ДАВОМ ДОРАД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД