Sebiston new 2024 october
Ё САРНАВИШТИ ТАЛХИ ТОҶИКДУХТАРЕ, КИ ШАВҲАРИ МИЛЛИОНЕР МЕХОСТ
15.05.2021
Дилошӯб
18293

 

 

    Парихона

Дилҷӯ дар оилае ба дунё омада буд, ки зиндагии миёнаҳолона доштанд. Падараш ба Русия рафта меомаду модараш бошад, дар тарабхонаи бонуфузе зарфшӯ буд. Барои падару модараш хӯрондану пӯшонидани чор фарзанд, се духтару як писар дар шаҳр душвор буд. Пуле, ки падараш мефиристод, сарфи либосу пойафзол, мактабу барқу об мешуду модараш онҳоро бо пасмондаи хӯроке калон кард, ки аз тарабхона меовард. Хонаи чорҳуҷрагии онҳо, ки мероси бобою бибии падарияш буд, таъмири хуб дошт, чунки модараш зани покизарӯзгоре буду аз луқмаи даҳони кӯдаконаш зада, хонаву дарашро ба тартиб меовард. Волидони хушназараш ба фарзандон номҳои зебое гузоштанд: Дилошӯб, Дилосо, Дилҷӯ ва Дилписанд. Духтарон қад кашида зебою дилоро гаштанд, додаракашон Дилписанд низ. Ҳамсояҳо ба духтарони зебои ин хонавода нигариста, бо шӯхӣ хонаашонро парихона мегуфтанд, охир онҳо яке аз дигарӣ зеботар буданд. Модараш ба духтарон духтану пухтану дигар ҳунарҳои хоси бонувонро нишон дода, аз хурдӣ ба гӯши онҳо чун қурғошим рехта монда буд, ки ман қуввату нерӯи иқтисодии хонондану маълумоти олӣ додани шуморо надорам. Ҷавонони хуберо ёфта, шуморо ба шавҳар медиҳам, агар дили шавҳаратонро ёфтед, бигузор ӯ шуморо хононад. Аммо як илоҷ карда, додаратонро хонондан лозим…

                        Зебосанамҳои хушсавдо

Апаҳояш мактабро хатм карданду хостгорон остонаи хонаи онҳоро ба қавле охӯрча карданд. Хостгорон аз дуру наздик миёни хешу табор ва худию бегона бисёр буданд. Бо ҳукми сарнавишти лоиқдидаи Худованд Дилошӯбу Дилосо пайи ҳам бо ризоияти волидайн шавҳар карда, мисли кабӯтарон аз порисаи кулбаи падарӣ парвоз намуданд. Аммо орзуи модарашон ҷомаи амал напӯшид…

Шавҳари Дилошӯб бадрашки гузаро буду ҳамсари паричеҳраашро ҳатто бо сояи худаш рашк мекарду хушдомани Дилосо бошад, хӯроки мехӯрдаашро дар тани келин заҳр менамуд, ҳарчанд шавҳараш ҷавонмарди пулдору меҳрубон ва зандӯстдор буд. Дилҷӯ медид, ки апаҳояш дар оилаҳои сарватманд афтода бошанд ҳам, дастнигари шавҳару пайвандонаш ҳастанд. Агар модарам мемонд, ки апаҳоям ягон касбу ҳунар меомӯхтанд, имрӯз ба канизаки шавҳару хешу табори ӯ мубаддал намегаштанд… Ман мехонам, ҳаргиз дастнигари касе нахоҳам шуд, худ ба худ мегуфт духтар. Пас аз хатми мактаб Дилҷӯ ба нею нестони модараш нигоҳ накарда, ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи тиббӣ супорида, донишҷӯ шуд. Ба хотири бори гардани падару модар нашудан, ӯ ҳамроҳи модараш дар тарабхона зарфшӯ шуд. Акнун модараш то нисфирӯзӣ кор мекарду ӯ бошад, баъди соати ду, яъне баъди дарс. Тарабхона аз хонаашон дур набуд ва шабҳо ё додараш ё модараш омада, ӯро мебурданд.

                           Шиносоии тақдирсоз

Чандин рӯз кормандони тарабхона ба банкете тайёрӣ медиданд, ки дар он ситораҳои форсизабон ба меҳмонони хоса консерт медоданд. Он шаб ҳам Дилҷӯ ва ҳам модараш дар кор буданд, зери сурудхонии ситораҳо гурӯҳи чорнафараи духтарони зебое мерақсиданд, ки меҳмонон зери қадамҳояшон пул мерехтанд. Сардори онҳо зани миёнсоле буд, ки бо ҳирс аз зери пойи шогирдонаш пулҳоро чида, ба ҳамёни калоне меандохт. Па аз як соати чорабинӣ раққосае байни саҳна беҳол шуда афтид ва зани миёнсол ӯро каш-кашон ба хонае овард, ки он ҷо кормандони тарабхона лаҳзаҳои бекорӣ дам мегирифтанд. Ӯ бо ҳарос ба кормандон нигариста гуфт:

-Каме об диҳед, об…

Дилҷӯ, ки аз ҳама ҷавонтар буд, даррав ба духтарак об дода, дасту пояшро молид. Раққоса каме ба худ омада, миннатдорӣ баён намуд. Аз нақли ӯ маълум шуд, ки ба хотири мавзунии қоматаш гуруснанишинӣ кардаасту ин аломати ҳамин аст. Дилҷӯ даррав дар косае барои духтарак оби шӯрбо ва як пора нон овард, баъдтар ширинию каме қаҳва… Сардори раққосаҳо, ки апаи Ҳабибааш мегуфтанд, ба Дилҷӯ нигариста пурсид:

-Духтарҷон, ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ, пешхизматӣ?!

-Не… Ман донишҷӯи коллеҷи тиббиям, барои роҳхарҷӣ  ҳамроҳи модарам ин ҷо зарфшӯйӣ мекунам.

-Ин қадар духтари хушрӯй наход зарфшӯӣ кунад? Оянда духтур шуданӣ бошӣ, биё ҳамроҳи мо кор кун, маоши хубат медиҳам, ба мо духтур даркор.

-Охир, ман нав ба курси дуюм гузаштам,- шармида гуфт Дилҷӯ.

-Хайр, сӯзандору гузаронида тавонӣ шуд, худам туро дар курси маҳскунӣ мемонам, мехонӣ, дигар тамом, ҳар рӯз ба кор омаданат шарт нест, фақат рӯзҳои баромад моро ҳамроҳӣ кун, шуд. Ана дидӣ, чӣ хел ин кафтаракон беҳушу ёд меафтанд…

Дилҷӯ “канӣ бинам” гӯён, намедонист чӣ ҷавоб диҳад. Ҳабиба коғазакеро дароз карда гуфт, ки “Ин ҷо рақами телефонам аст, агар хоҳӣ, занг зан. Дар як моҳ чор- панҷ бор бо мо меравӣ, ду ҳазор сомонӣ маошат медиҳам”,- бо Дилҷӯ хайрухуш карда, ваъда дод ӯ…

                         

Ҳаваси пул

Дилҷӯ бо модараш дар бораи ваъдаи Ҳабиба сӯҳбат кард, аммо ӯ норозиёна гуфт:

-Дил, ҳамин корат бас, пули хуб меёбем. Дар як моҳ ману ту се ҳазор сомонӣ меёбем, ин пули кам нест, дигар худатро ғам надеҳ.

-Очаҷон, ду ҳазори дигар ба мо халал мерасонад? Шабҳое, ки ман бо раққосаҳо меравам, ту маро дар тарабхона иваз мекунӣ, баъд соли дигар додаракамро дохил кардан даркор аст. Боз ин зан ваъда дод, ки бо пули худаш маро ба курси маҳскунӣ мемонад, биё, розӣ шав. Ана ҳамон духтарони хушрӯро дидӣ, нимбараҳна пеши мардон мерақсанд, онҳо ҳамаашон донишҷӯ будаанд. Ман бошам, ба кори дӯстдоштаам машғул мешавам, модараш баъди ду рӯзи фикру андеша ризоият дод. Дилҷӯ нақшаҳои зиёде дошт, аз ин рӯ, ба Ҳабиба занг зада, бо ӯ ҳамкориро оғоз кард. Дар се моҳи ҳамкорӣ бо ин зан духтар пули хуб кор карда, дар курси семоҳаи маҳскунӣ нозукиҳои маҳсро омӯхт. Акнун бо ин ҳунараш ҳам пул меёфту модараш аз духтари меҳнаткашаш розӣ буд.   


ДАВОМ ДОРАД                                       

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД