Сокинони деҳаи Наврӯзи ноҳия Ҷалолидини Балхи чандест, ки аз ифлосшавии оби нӯшокии маҳаллаашон шикоят мекунанд.
Сокинон мегӯянд, чанд соли охир кормандони нуқтаи тиббии деҳа партовҳои беморхонаашонро ба ҷуйбори деҳа мепартоянд, чун сӯзандору (шприс) ва василаҳои доругузарониро. Ин ҷуйбор ҳарчанд на он қадар калон аст, мардум аз оби он ба сифати манбаи нӯшидан истифода мебаранд, вале табибон бо партофтани партовҳояшон обро заҳрнок менамоянд.
Ҷавонои деҳа мегӯянд, ҳангоми оббозӣ борҳо бо ин партовҳо дучор омадаанд, ки гоҳҳо ба баданашон халида, ба оббозиашон халал мерасонанд. Айни замон, аҳолии деҳа аз истифодаи оби ҷуйбор худдорӣ мекунанду об мехаранд, вале мегӯянд, ҷонашон ба лаб расидааст. Борҳо сокинон табибонро таъкид кардаанд, ки ин корро накунанд, вале ин таъкид монанди ба гӯши кар азон гуфтан аст.
Аз ин рӯ, сокинон бо истифода аз ин минбари баланд аз табибон, ҳомиёни сиҳатиашон хоҳиш мекунанд, ки хилофи рисолати худ фаъолият карда, онро бемор ва муҳтоҷ ба нуқтаи тиббииашон насозанд.