Саннаи 22 майи соли равон дар бинои “Амфитеатр”-и пойтахт сарояндаи попи узбак, примадонна, оҳангсоз, таронанавис, продюсер, Ҳунарпешаи мардумии Узбекистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон Юлдуз Усмонова ҳунарнамоӣ мекунад.
Юлдуз Усмонова солҳои зиёд аст, ки бо таронаҳои ҷолибаш меҳмони хонадони кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур аст. Дар репертуари ӯ беш аз 600 суруд бо забонҳои гуногун, аз ҷумла ӯзбекӣ, туркӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ, форсӣ ва ғайра мавҷуд аст.
Ба ҷуз аз Узбекистон, албомҳои сароянда дар Олмон, ИМА, Англия, Туркия ва Ҳолланд низ нашр шудаанд.
Ин овозхон бо ҳунарпешаҳои тоҷик ҳамкории зич дорад ва бо бархе аз онҳо ҳамсароӣ низ кардааст. Вай дар як консерташ дар Тоҷикистон аз ашъори шоири ширинкаломи тоҷик Лоиқ Шералӣ таронае бо номи “Хандон агар намекунӣ” суруда буд, ки дар Тоҷикистон бисёр хуш пазируфта гардид.
Дар он барнома ҳунарпеша бо ифтихор гуфта буд, “агар ман тоҷик мебудам, ҳама адабиёти тоҷикиро чаппаву роста намуда, аз он суруд мехондам…”.
Соли гузашта ӯ ҳамроҳ бо Малик таронаи ҷолиби “Тоҷикӣ медонед”-ро иҷро кард, ки то имрӯз 32 миллион бинанда онро тамошо кард ва миллионҳо дигар зери он шарҳ навистаанд.