Sebiston new 2024 october
ДУГОНААМ МАРО ҚАРЗДОР КАРД
4819

 

Ман як ҷавондухтари 20-сола аз шаҳри Кӯлоб мехоҳам мушкили ба сарам омадаро ба шумо қисса карда, дар ҳалли ин муаммо маслиҳат бипурсам. Пеш аз ҳама узр мепурсам, ки номи аслиамро гуфта наметавонам, чунки ин сирро то ҳол падарам намедонад, агар фаҳмад, пӯстамро аз танам меканад.

Парвина ном дорам. Азбаски як духтар ҳастам, волидонам маро аз давраи кӯдакӣ эрка карда, чизи мехостаамро дар як дам муҳаё месохтанд. Ҳамин меҳрубонии падару модар боис гашт, ки ман ҳамчун як духтари худхоҳ ва эгоист ба воя расам. Бародарам Азиз баъзан таноби маро кашида мемонд, вале баъди он ки ӯ ба шаҳри Душанбе хонданӣ рафт, маро худо дод. Медонистам, ки волидонам маро сахт дӯст медоранд ва ягон хоҳишамро рад намекуанд, бинобар ин, чизе, ки дилам хоҳад, ду поямро ба як мӯза андохта валвала мебардоштам, ки ҳамон чизро ба ман гирифта диҳед. Падару модарам пул доранд ё не, бароям аслан муҳим набуд, мехостам либоси пеши бозорро пӯшида, дар назди дугонаҳоям мудом фарх карда гардам. Боре як дугонаам маро ба тӯяш даъват кард. Аз модарам хоҳиш кардам, ки ҳазор сум диҳад, то куртаи нав харам, вале дар ҷавоб гуфт, ки падарам ҳанӯз маъошашро нагирифтааст. Шумо ҳазор сумро аз ман дареғ медоред гуфта дорӯ хӯрдам. Мақсадам фақат камтар тарсондани падару модарам буд, вале кам монда буд, ки бимирам. Дар беморхона ба ҳуш омада дидам, ки модарам дар болои сарам нишаста гиря дорад. “Духтари беақл, охир фикр накардӣ, ки мабодо бо ту ягон ҳодиса рӯй диҳад, ҳамсояҳо духтари фалонӣ чи балое дошт, ки худкушӣ кард гуфта, дар ҳаққат ҳар хел овозаҳои дуруғ паҳн мекунад ва ба захми дили мо намак мепшонад. Дигар чунин номаъқулӣ накун...” гӯён, модарам маро хеле насиҳат карда бошад ҳам, суханонаш аз як гӯшам даромада аз гӯши дигарам баромада рафтанд.

Хулоса, баъди аз беморхона баромадан ду поямро дар як мӯза андохтам, ки ба ман телефон харед. Волидонам аз тарси он ки боз қасди худкушӣ накунам, қарзу қавола карда, бароям телефони " Samsung A30" хариданд. Симкорт хариданӣ шуда ба як ширкати мобилӣ рафтам ва бо Шарофат ном духтараки зебое, ки он ҷо кор мекардааст, шинос шудам. Ситораҳоямон бо ҳамдигар мувофиқ афтод ва ҳарду дугона шуда мондем. Шарофат гоҳ-гоҳ ба хонаи мо меҳмонӣ омада, шириниҳои бомазза меовард, ба ман атр ва косметикаи замонавӣ туҳфа мекард. Мани сода ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеоварам, ки бо ҳамин роҳ ин духтар мани содаро ба дом афтонданист. Хулоса, боре ҳамин Шарофат ба наздам омада гуфт, ки як мушкилӣ дорад ва хоҳиш кард, ки бо номи худам аз бонк пул қарз гирифта ба вай диҳам. Хоҳиши дӯстамро рад карда натавониста розӣ шудам ва аз падару модарам пинҳонӣ аз бонк ҳафт ҳазор сомонӣ гирифта додам. Пас аз гирифтани пул дугонаам бедарак шуда монд. Аз байн як моҳ гузашту аз бонк ба ман занг заданд. Ба хонаашон рафтам ва бо ҷангу ҷанҷол аз Шарофат 500 сомонӣ гирифта, ба банк бурда супоридам, вале баъди ин Шарофат худро ба шаттоҳӣ зад, ки маро аз кор пеш карданд, пули бонкро худат додан гир, ҳамин ки кор ёфтам, ман албатта маблағи сарф кардаатро ба ту бармегарднам. Намедонам сарамро ба куҷо занам, чунки ман як духтари хонашин ҳастам ва ягон манбаи даромад надорам.

Ба падару модарам бигӯям, ки ман аз бонк ҳамин қадар пул қарз гирифта, ба як одами ношинос додам, дилкаф мешаванд, агар нагӯям, фардо кормандони бонк ба хонаамон меоянд ё маро ба суд медиҳанд. Сарҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

 

Парвина аз ш. Кӯлоб

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД