Шердил ва Муҳаммад, овозхонҳои навраси тоҷик, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир ба шумор мераванд, ҳафтаи гузашта нахустин клиптаронаи муштараки худро интишор карданд.
Суруд “Бой мешам” ном гирифта, дар бораи орзуву ҳавасҳои амалинашудаи наврасон дар давраи камбағалӣ қисса мекунад. Онҳо тариқи суруд мегӯянд, рӯзе бой шуда, ба ҳама орзуҳои худ хоҳанд расид.
Оҳанги суруд моли “Amid TV” гуфта шудааст, вале маълум нест, ки матни тарона ба кӣ тааллуқ дорад. То имрӯз клиптаронаро дар саҳифаи “Naimjoni Saidali” дар шабакаи YouTube зиёда аз 730 ҳазор нафар тамошо карда, наздики 3 ҳазор нафар шарҳ гузоштаанд.
Ҳатто бархеҳо бадеҳаи мазкурро “дуэти сол” унвон карда, ҳунару истеъдоди нотакрори наврасонро тавсиф кардаанд. Исми Шердили 13-сола то як соли қабл ва номи Муҳаммади 12-сола низ то як моҳи пеш ба касе ошно набуд ва ҳеҷ кас гумон намекард, ки рӯзе ду наврас ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд. Дар омода намудани суруду клипҳои Шердил ва Муҳаммад саҳми овозхони ҷавони тоҷик Наимҷони Сайдалӣ назаррас аст. Наимҷон, ки худ ҳоло соҳиби фарзанд нашудааст, Шердилро расман ба фарзандӣ қабул кардааст.