Санаи 17-уми ноябр дар ютуб канали расмии Шабнами Сурайё дуети нави ӯ бо сарояндаи афғон Қайс Улфат нашр шуд. Аммо дар як ҳафта ин дуетро 26 ҳазор бор тамошо карданд, ки нисбат ба дигар наворҳои ютуб канали Шабнами Сурайё даҳҳо маротиб камтар аст.
Қайс Улфат низ дар инстаграми расмии худ якчанд наворро дар якҷоягӣ бо Шабнам нашр карда менависад:
Попурии Романтикӣ ба ҳунарманди ҷаҳонӣ Аҳмад Зоҳир-муаллиф: Шабнамҷони Сурайё
Аммо дар инстаграми расмии Шабнами Сурайё дар ин бора ҳеҷ чиз гуфта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки суруди ҷадиди Шабнами Сурайё таҳти унвони “Бизан дутора” дар ду моҳ дорои 3.5 миллион тамошо шуд, ки ин ютуб канали Шабнамро ба дараҷаи рекордӣ бурд.