Оё шумо дар бораи витаминҳои муҳим барои занон шунидаед?
Витамини D (дар таркиби нури офтоб, лосос, шир, шарбати афлесун вуҷуд дорад).
Ин ягона витаминест, ки онро қариб аз ягон ҷо гирифтан мумкин нест. Витамини мазкур занро аз саратони сина ва тухмдон ҳифз намуда, бемории диабетро пешгирӣ менамояд. Он ба саломатии мӯй, пӯст, дандон ва нохунҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
Витамини Е (дар таркиби фундук, чормағз, офтобпараст ва лубиё вуҷуд дорад).
Ин яке аз 10 витаминҳои беҳтарин барои занон буда, моро аз пиршавӣ наҷот медиҳад. Он дорои хосиятҳои антиоксидантӣ мебошад ва бо радикалҳои озод мубориза мебарад, ки сабабгори асосии нобудшавии сафедаҳо дар ҷисм, бармаҳал пиршавӣ ва фарбеҳӣ мегарданд.