Аз 16 то 24 сентябр дар шаҳри Душанбе экомарафони байналмилалии «Ҷоми тозагии Авруосиё» баргузор мегардад, ки дар он зиёда аз 160 даста аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Абхазия, Беларус, Молдова ва Русия иштирок менамоянд. Дар ин хусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар дод.
Ҳар даста байни ҳамдигар барои ҷамъ намудани партовҳо ва ба гурӯҳҳо ҷудо намудани онҳо қувва меозмоянд. «Ҷоми тозагии Авруосиё» дар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо дастгирии Хазинаи грантҳои Президенти Федератсияи Русия гузаронида мешавад.
Дар Тоҷикистон «Ҷоми тозагии Авруосиё» бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ва ширкати Мегафон Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Дар доираи ин ибтикор дар Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия, Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «МИСиС» дар шаҳри Москва байни ҳамдигар қувва меозмоянд.