Донишҷӯдухтар аз Булғория хеле мехоҳад ба лӯхтаки Bratz монанд шавад. Маҳз барои ҳамин духтарак 26 маротиба барои ҳаҷман калон кардани лабҳояш сӯзандору гузаронидааст. Тағйирёбии худро Андреа аз соли 2018 сар карда, аз он вақт инҷониб ҳар моҳ як маротиба ба лабаш сӯзандоруи кислотаи гиалурон доштаро мегузаронад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари лабҳояш Андреа пистонҳояшро низ калон кардааст. Андреа тасмим гирифтааст, ки баъди гирифтани сӯзандоруи 27-уми худ барои ҷарроҳии зерманаҳ, рухсора ва ҷоғи рӯй омодагӣ мебинад, то ки симои худро бештар ба лӯхтак Bratz монанд созад.