Умедҷони Бурҳон яке аз сарояндаҳои маҳбуби тоҷик мебошад, ки бо ҳунари воло ва садои дилнишинаш ба дили мухлисон роҳ ёфтааст.
Ин марди соҳибистеъдод чанд рӯз қабл клип-таронаи нави хешро бо номи “Дилбари бевафо” дар ютуб-канали худ пешкаши ҳаводори санъати тоҷик гардонид. Ин клип-таронаро дар муддати 3 шабонарӯз зиёда аз 490 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Дар ин клип-тарона блогерони машҳур Ғолиб Мусоев, Сино Соҳибов ва Соро Саидкамолӣ ҳамроҳи Умедҷон нақшофарӣ кардаанд. Ин клип-тарона дар ҳаҷми 10 дақиқа дар стили ретро сабт шудаааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам Умедҷони Бурҳон ду клип-тарона бо ҳамроҳии блогер Ғолиб Мусоев пешниҳоди ҳаводоронаш гардонида буд, ки онҳоро миллионҳо нафар тамошо карда буданд.