Томирис Хуршедзода яке аз блогерони машҳури тоҷик аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ дорад. Дар баробари ин Томирис дар филми машҳури “Домоди бонкир” яке аз нақшҳои асосӣ - Рухсораро бозидааст. Мо бо ин бонуи фаъол бахшида ба Рӯзи Модар суҳбати гуворое анҷом додем, ки фишурдааш пешкаши шумо - хонандагони азиз мегардад.
- Томирис, пеш аз ҳама шуморо бо иди бонувон, Рӯзи Модар муборакбод мегӯем!
- Сипос! Ба кулли бонувон ва модарон ид муборак бошад!
- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки шумо гирифтани туҳфаро дӯст медоред. Худатон ҳам ба ягон кас дар иди бонувон туҳфа мекунед?
- Бале, ба наздиконам ҳатман тухфа мекунам. Дар оилаи мо ин як анъана шудааст ва ҳатман бо ягон туҳфаяк дили ҳамдигарро шод месозем.
- Имсол аз ягон кас туҳфа интизор ҳастед?
- Ман аллакай аз дӯстон ва наздиконам чандин туҳфаҳо гирифтам.
- Иди бонувонро дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн мегиред?
- Ҳамасола ин идро дар доираи аҳли оилаамон ҷашн мегирам ва бо онҳо якҷоя хурсандӣ мекунем.
- Дар интихоби туҳфа ба чӣ аҳамият медиҳед: арзиши туҳфа ё чизе, ки шахси туҳфагиранда ба он ниёз дорад?
- Айни замон бисёр одамон ба пул ниёз доранд, ман бештар пул туҳфа мекунам, то ки чизи даркориашонро гиранд.
- Аз ҳама хотирмонтарин туҳфае, ки дар 8-уми март гирифтаед, чӣ буд ва онро кӣ ба шумо тақдим намуд?
- Ман шахсан тиллодӯстдорам, дӯсти наздикам якумин бор ба ман комплекти гаронбаҳо туҳфа намуд. Бароям ин туҳфаи хотирмон буд.
- Орзуи бузургтаринатон дар зиндагӣ?
- Орзуҳои ман тамомшавӣ надоранд (механдад). Яке аз орзуҳои бузургтаринам падару модарамро ба ҳаҷ равон кардан ва қарзи фарзандиамро ба ҷо овардан аст.
- Филми “Домоди бонкир” чаро дигар пешкаши мухлисон нашуда истодааст?
- Насиб бошад, баъди Рамазон наворбардории филм боз сар мешавад. Мухлисон интизор бошанд.
- Таманниёти шумо ҳамчун як бону ба занону духтарони тоҷик?
- Ба ҳамаи занону духтарони тоҷик саломативу сарбаландӣ ва хушбахтиву хонаободиро таманно дорам. Ҳеч вақт аз зиндагии худ рӯҳафтода нашаванд, зеро поёни шаби сиёҳ сафед аст!