Муҳиддин Сангинов, иҷрокунандаи вазифаи директори Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд рӯзи 2 сентябр бар асари бемории пневмония ё “илтиҳоби шуш” аз олам даргузашт.
Марҳум 63 сол дошт ва баъд аз даргузашти Абдуқаҳҳор Раҷабов, наздик ба чор моҳ боз иҷрокунандаи вазифаи директори Театри мазҳака - мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд.
Ба гуфти ҳамкорон Муҳиддин Сангинов вақтҳои охир дар беморхона бистарӣ буд. Мирзоумари Мирзоаҳмад, ҳунарманди Театри ба номи камоли Хуҷандӣ гуфт, ки Сангинов гирифтори “илтиҳоби шуш” шуда, дар беморхона табобат мегирифт, вале субҳи имрӯз аз дунё гузашт.
“Имрӯз бароям хабар доданд, ки устод бандагӣ кардаанд ва соати 7: 00 ҷаноза аст. Аз шунидани ин хабари риққатбор хеле дилгир шудам”, - гуфт Мирзоумари Мирзоаҳмад.
Абдуқаҳҳор Раҷабов, собиқ директори Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ рӯзи 12 май дар Беморхонаи сироятии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бар асари бемории пневмония дар синни 62- солагӣ аз олам чашм пӯшид. Кормандони Театр аз даргузашти Сангинов андуҳгин буда, ба аҳли хонаводаи марҳум изҳори тасаллият баён кардаанд.
“Муҳиддин Сангинов собиқ ҷонишини директори Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ, иҷрокунандаи вазифаи директори театри мазкур ҳаёти худро 40 сол дар театр гузаронидаасту шахси бениҳоят ғамхору нисбати ҳамкасбону ҳамкорон меҳрубону маслиҳатгар буд. Ҳамеша дастгиру ёвари ҳамкорон буд. Мутаассифона, имрӯз вабои аср ин шахси наҷибро аз байни мо рабуду моро аз инсони хоксор маҳрум сохт. Аз ин лиҳоз Мо аҳли эҷоди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ ҳамдардии хешро ба аҳли оилаи марҳум мерасонем, бигзор хонаи охираташон ободу ҷояшон Ҷаннат гардад” изҳор намудаанд, аҳли кормандони Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ.
Муҳиддин Сангинов соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёнаи № 10 ба факултаи рассомӣ - графикии Донишгоҳи педагогии ба номи С. М. Киров, (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шудааст. Соли 1980 баъд аз хатми донишгоҳи мазкур ба театр ба кор омада, ҳудуди чил сол боз дар вазифаи масъули басаҳнагузорандаи намоишномаҳо, ҷонишини директор шуда кор кардааст. Ӯ чор моҳи охир иҷрокунандаи вазифаи директори Театри Камоли Хуҷандӣ буд.
Ба гуфти кормандони Театр Сангинов аз роҳбарони китобдӯстдори соҳаи театр буд ва ҳамеша дар вақти холӣ ба хондани китоб машғул буд. “Утоқи кориашон пури китоб аст. Ҳамеша муносибаташон бо ҳамкорон хуб буд, ҳеҷ гоҳ касе аз кормандонро намеранҷониданду сараш садо баланд намекарданд. Доим ҳамкоронро ба китобхонӣ даъват мекарданд”, - зикр намуданд чанд корманди театр.