Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Бино мувофиқи лоиҳа аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
“Баъди дар маркази шаҳр ба истифода додани бинои нав ва таҷҳизонидани ташхисгоҳи он кормандони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат ба сокинони шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Норак сари вақт хизмат мерасонанд”- хабар додааст Ховар.
Ба иттилои Абдуманон Ҳабибов, роҳбари Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилоти байналмилалӣ бо маблағи қариб як миллион евро таҷҳизоти замонавии ташхисгоҳи ғизо ва об, ки бо он ба таври сайёр дар нуқтаҳои муайянгардида санҷиш мегузаронанд, таҷҳизоти озмоишгоҳи вирусологӣ ва бактерияологӣ, ки сесад намуди ташхиси хун мегузаронад, ворид гаштааст.
Ҳамчунин ба марказ аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстонаи Федератсияи Русия озмоишгоҳи вирусологию бактериологии дар мошини «Газел» насбгардида тӯҳфа шуд, ки мутахассисон бо он ба таври сайёр дар нуқтаҳои даркорӣ ташхис мегузаронанд.
Барои истифодаи ин таҷҳизоти замонавӣ 4 мутахассиси марказ дар хориҷ ва дохили мамлакат таҷриба омӯхтаанд ва онро самаранок истифода бурда метавонанд.