goodwell
Дар соҳили Сирдарёи Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
23.06.2026
Oila.tj
81

Дар доираи тадбирҳои ободониву фароҳамсозии шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи иншоот Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуда, ба фаъолияти шиногоҳ расман оғоз бахшидаанд.

Тибқи иттилои масъулон шиногоҳи нав дар паҳлуи Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бунёд гардида, бо инфрасохтори зарурӣ таъмин шудааст. Дар ин мавзеъ соябонҳои истироҳатӣ ва офтобгирӣ, ҳуҷраҳои ивази либос, ҷойҳои нишаст, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар шароити зарурӣ барои қабули истироҳаткунандагон муҳайё гардидааст. Ҳамзамон барои машқу тамрин ва фароғати шаҳрвандон майдончаҳои махсус омода шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД