goodwell
Дар Хуҷанд як падарро барои дарсгурезии фарзандаш ҷарима карданд
50

Дар шаҳри Хуҷанд як мардро барои дарсгурезии фарзандаш ҷарима кардаанд. Гуфта мешавад, ки фарзанди ин мард бе сабаб 80 соат дар дарсҳо иштирок накардааст.

Бо қарори суд Б. Б. барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ ҳамчун падар ва бе назорат гузоштани фарзанди 17-солааш, ки хонандаи синфи 10-и Мактаби хусусии ба номи Аҳмади Дониш буда, моҳҳои январ ва феврали соли равон бе сабаб 80 соат дар дарсҳо иштирок накардааст, бо қисми 1-и моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (иҷро накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияи кӯдак) ба маблағи 780 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД