Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аз ҷумла дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 21 иншооти нави таълимӣ сохта шуда, зиёда аз 120 нафар омӯзгорон соҳиби замин гаштаанд.
Соли равон дар Хатлон 120 синфхона бо 3000 ҷойи нишаст дар як баст ва 6000 ҷой дар ду баст мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Аз соли 2007 то имрӯз 3394 нафар омӯзгорони ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, замини полезӣ ва қарзҳои имтиёзнок гардиданд. Гуфта мешавда, ки танҳо дар соли 2025 ин рақам 123 нафарро ташкил дод.
Ҳукумати мамлакат баҳри татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф якчанд барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ қабул намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кори олимону омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ин тадбирҳо ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.