arzon replenishment
Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо баргузор мегардад
107

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон дар соли 2024 дар пойтахти кишвари азизамон Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилоъи манбаъ, дирӯз 3-март дар шаҳри Тошкенти ҷумҳурии Ӯзбекистон байни намояндагони Федератсияи байналмилалии ҷудо ва президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ҷиҳати мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон гаштани шаҳри Душанбе созшнома ба имзо расидааст.
Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 5-май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дигари байналмилалӣ «Dushsnbe Grand Slam-2024» доир хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД