Кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе сокини 21-сола Ашуров Шарифро бо гумони содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои милитсия, зимни тафтишоти пешакӣ муайян шудааст, ки гумонбар асосан дучарха ва скутерҳои барқии шаҳрвандонро дуздидааст. То ҳол 6 ҳолати дуздӣ ошкор гардида, ба шаҳрвандон аз 1 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст.
Мақомоти милитсия аз шаҳрвандоне, ки эҳтимол аз кирдорҳои номбурда ҷабр дидаанд, хоҳиш кардааст ба воситаи WhatsApp ё Telegram ба рақами (+992) 018-02-02-02 муроҷиат намоянд.