formula
Дар Донишгоҳи миллӣ озмоишгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ кушода шуд
564

 

Дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтисосҳои дандонпизишкӣ ду синфхонаи таълимӣ, Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ барои кафедраи стоматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар озмоишгоҳ 6 дастгоҳи стоматологӣ бо курсии стаматологии ширкати «Apple», мизи кории табибон, ҷевон барои доруҳо ва ҳуҷҷатҳо, дастгоҳи визиограф барои ташхиси рентгенологии дандонҳо, дасгоҳи скалери ултрасадоӣ ва аэрофло барои тозакунӣ ва сафедкунии дандонҳо, дастгоҳҳои эндомотор ва микроматор барои пармакунии дандонҳо, дастгоҳи апекслокатор барои чен намудани дарозии дандон мавҷуд аст.

Дар ҳуҷраи безараргардонӣ дастгоҳҳои автоклав барои безараргардонии асбобҳои стоматологӣ, ҷевони безараргардонии барқӣ, дистилятор ва дастгоҳ барои тоза намудан ва молидани равған ба пайканакҳои дастгоҳи стаматологӣ ва ғайра ҷойгир шудааст.

Дар ҳуҷраҳои безараргардонӣ ва озмоишгоҳҳои таълимию табобатӣ тамоми намудҳои асбобҳои стаматологӣ барои табобати бемориҳои бофтаҳо, сохти дандонҳо ва пардаи луобии даҳон мавҷуд буда, ҳамзамон доруҳо барои табобат, масолеҳ барои пломбакунии дандонҳо ва дигар намуди асбобҳо барои гузаронидани дарсҳои амалӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни ифтитоҳ ба садорат ва масъулини факултет дар боби дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию методӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тавсияҳои судманд дод.

Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ барои муҳассилини ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббӣ имконияти бештари омӯзишро фароҳам месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД