Formula novemver 2024
Дар Чин вируси нав пайдо шуда, ба дигар кишварҳо паҳн мегардад
659

Дар Чин боз як вируси нав бо номи “Метапневмовируси одам” пайдо шуда, босуръат ба дигар минтақаҳои ҷаҳон паҳн гашта истодааст. Ин вирус алакай ба баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ низ доман паҳн кардааст. Дар ин бора «Daily Mail» хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, вирус бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ сироят мекунад. Нишонаҳои асосии беморӣ таб, сулфа, дарди гулӯ, беҳаракатӣ ва сарчархзанӣ буда, беморхонаҳои Чин алакай аз гирифторони ин вирус пур шудаанд.

Аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба “Метапневмовируси одам” ҳанӯз охирҳои моҳи декабри соли 2024 ба қайд гирифта шудаанд. Нишонаҳои ин беморӣ ба зуком монандӣ дошта, шахси сироятёфта месулфад, аз дарди сар, маҳкам шудани бинӣ, табларза ва эҳсоси нафастангӣ азият мекашад.

Сироятёбӣ аз ин вирус махсусан барои тифлакони хурдсол ва одамони солманд хатарнок буда, боиси гирифтор гаштан ба бронхит ва пневмония шуда метавонад.

“Метапневмовируси одам” алакай ба дигар манотиқи ҷаҳон низ паҳн шуда истодааст. Аз ҷумла, дар Қазоқистон 30 ҳолати сироятёбӣ аз ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Дар Ӯзбекистон низ чанд нафар аз ин вирус сироят ёфтаанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз “Метапневмовируси одам” ба қайд гирифта нашудааст.

Барои пешгирии ин вирус дастҳоро тез-тез бо собун шуста, ба тозагӣ риоя намудан лозим аст. Тавсия дода мешавад, ки худро аз одамони нишонаҳои зуком дошта дур бигиред ва бо пайдо шудани сулфа, атсазанӣ, дарди сар ва эҳсоси нафастангӣ ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД