Аз 23 то 26-уми сентябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷашнвораи III театри кишварҳои туркзабон баргузор гашт, ки дар он театрҳои Қазоқистон, Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Маҷористон иштирок намуданд.
Дар ин фестивал Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик ҷоизаи асосии ҷашнвораро ба даст овард. Тавре худи Барзу Абдураззоқов дар саҳифааш дар шабакаи Facebook хабар додааст, вай ҳамчун меҳмони фахрӣ ба ин ҷашнвора даъват шудааст.
Дар маросими тантанавии ҷамбасти фестивал рӯзи 26-уми сентябр барои саҳми бузург дар рушди санъати театр ба коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов медали тилло супурда шудааст.