Қайси Азиз, овозхони шинохтаи тоҷик шаби 8-уми ноябри соли равон дар синни 62-солагӣ даргузаштааст. “Чанд муддат бемории коронавирус ӯро аз пой афтонд.
Пеш аз маргаш дида будам, солиму бардам ва аз беморӣ наҷот ёфта буд. Нимаи дувуми рӯз хоб карда, дар хобаш ҷон додааст”, - мегӯяд Абӯбакри Азиз, бародари Қайси Азиз.
Дигар ҷузъиёти марги овозхон номаълум боқӣ мондааст. Қайси Азиз яке аз намояндагони гурӯҳҳои овозадори “Анис” ва “Мунис” буд, ки бародарон Азизовҳо таъсис дода буданд ва дар солҳои 80-90-уми асри гузашта аз машҳуртарин гурӯҳҳои эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафтанд. Дар солҳои 2000-ум фарзандони Азизовҳо Остони Азиз, Шаҳроми Абӯбакр ва баъдтар Шамсиддини Азиз низ рӯйи саҳна омаданд. Қайси Азиз солҳои охир аз саҳна канор рафта, бештар таронаҳои халқӣ мехонд. Ҳанӯз 10 сол қабл, 6-уми майи соли 2010 Зулфиқори Азиз, бародари хурдии Азизовҳо дар синни 44-солагӣ бар асари бемории сактаи дил вафот карда буд.
Ортиқи Қодир, ҳунарманди 64-солаи театр ва синамои тоҷик низ ахиран хабар дод, ки аз бемории коронавирус шифо ёфтааст. “Қариб як моҳ азият кашидам. Коронавирус бемории сангине будааст ва дуо мекунам, ки касе ба ин бало гирифтор нашавад. Аз 9-уми октябр инҷониб дар рӯйи бистар ҳастам, 2-3 рӯзи охир ҳолам каме беҳтар шуд”,-гуфтааст ҳунарманд дар суҳбат бо “Pressa.tj”. Номбурда дорандаи унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (1999) ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (2009) мебошад.