arzon replenishment
ЧИЛБУҒУМ БАДАНРО АЗ ЗАҲРҲО ПОК МЕСОЗАД?
11.04.2021
ОИЛА
2397

 

Мегӯянд, ки барои солиму ҷавону бардам мондан одам бояд соле ақаллан ду маротиба баданашро аз заҳрҳои дар организм ҷамъшуда тоза кунад. Мехоҳам донам, ки баданро бо кадом роҳ аз заҳрҳо тоза кардан мумкин аст?

Посух

Дар ҳақиқат поккории бадан пирии зудрасро пешгирӣ намуда, барои бардаму солим мондани шахс кӯмак мерасонад. Вақте ҷисм аз чизҳои нолозим тоза мешавад, одам худро чунон сабук ҳис мекунад, ки гӯё нав аз модар ба дунё омада бошад. Поксозии бадан ҳолати руҳии инсонро низ беҳтар намуда, табъро хуш нигоҳ медорад. Усулҳои поккории бадан дар тибби суннатӣ зиёданд. Инак, чанде аз инҳоро пешкашатон месозем.

Нусхаи аввал

Гиёҳи коснӣ-30 гр,

Чилбуғум-30гр.

Ин ду гиёҳро омехта карда дар 1 литр оби ҷӯш муддати 10 дақиқа ҷӯшонед, сипас оташро хомӯш намуда монед ним соат истад. Гиёҳоби ҳосилшударо баъди хунук шуданаш полонда, рӯзе 3 маротиба пеш аз хӯрок 20 граммӣ бинӯшед. Ногуфта намонад, ки ин ду гиёҳ фишори хунро паст мекунанд. Аз ҳамин хотир касоне, ки фишорашон паст аст, бояд ба он решаи зарбеҳ (золотой корень) илова намоянд.

 

Нусхаи дигар

2 қошуқча сиркои себиро дар 200 гр., об андохта кобед ва ба он каме асал илова намуда, нӯши ҷон созед. Ин нусха натанҳо баданро пок месозад, балки сарчархиро низ бартараф менамояд. Одамоне, ки аз бехобӣ азият мекашанд, онро бинӯшад, бароҳат хоб мераванд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД