Шумораи шахсони имконияташон маҳдуд, ки гирандагони нафақаи маъюбӣ маҳсуб меёбанд, ба 157 933 нафар расидааст. Аз рӯи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ теъдоди маъюбон рӯ ба афзоиш ниҳода, аз моҳи январ то моҳи декабри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1713 нафар зиёд шудааст, ки аз ин шумора 396 нафарашонро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд.
Тибқи хабари комиссияҳои Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар соли 2022 дар маҷмуъ 11786 нафар, ки 3946 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд, бори нахуст барои муқаррар намудани маъюбӣ муроҷиат намуда, ҳамзамон 7107 нафар аз маъюбӣ бароварда шудаанд ва 2966 ҳолати фавти маъюбон ба қайд гирифта шудааст.
Таҳлили сифатӣ ва иҷтимоии шумораи маъюбон нишон дод, ки теъдоди шахсони маъюб дар шаҳр 23,3 ва дар деҳот 76,7% -ро ташкил менамояд. Шумораи маъюбони коргар дар шаҳр ба 9,3% ва дар деҳот ба 5,1% баробар мебошад.
Тамоюли зиёдшавии маъюбӣ бахусус дар байни кӯдакони маъюб мушоҳида гардида, сабабҳои он аз як тараф ин нуқсонҳои модарзодӣ, ирсӣ-гинетикӣ ва никоҳи хешу табории наздик буда, аз тарафи дигар беморшавии аҳолӣ аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва сироятӣ мебошад.