Arzon march 2024
ЧАРО СИА БАЪДИ МАРГИ ДӮСТДОШТААШ "АЛКАШ" ШУД?
1703

 

Сиа Ферлер, овозхон ва ҳунарпешаи 44-солаи австралиягӣ дар барномаи «Morning Mash-Up»-и шабакаи «SiriusXM» иқрор шудааст, ду кӯдакро ҳанӯз соли гузашта ба фарзандӣ қабул карда буд

«Ман ин корро соли гузашта карда будам. Он замон онҳо 18-сола буданд. Ҳоло 19-солаанд. Ман онҳоро хеле дӯст медорам»,-гуфтааст, овозхон. Дар идома Сиа афзудааст, ки ҳамроҳи фарзандонаш кӯшиш дорад, то «коронавирус»-ро паси сар намоянд. Ба гуфтаи ӯ, фарзандонаш ҳатто дар давраи «коронавирус» ҳам ба омӯзиш машғуланд, то дар оянда соҳиби касбу кори хуб шаванд. Сиа дар шаҳри Аделаидаи Австралия дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Худи Сиа ҳам аз падару модараш кам набуд, бинобар ин соли 1997 қарор дод, ки ба Лондон рафта, санъаташро такмил медиҳад. Дар Лондон ӯ ба ҷавоне бо исми Дэн ошиқ шуд. Ӯ ишқи аввалин ва ҳақиқии худро пайдо карда буд, вале тақдири бераҳм ӯро аз ишқаш ҷудо кард. Дэнро мошин зад ва Сиа тавонист, ки танҳо дар ҷанозаи дӯстписараш иштирок кунад. Баъди ин Сиа ба шаробу маводи мухаддир рӯй овард ва дигар ба касе дил набаст. Соли 2008 эълон кард, ки ҳамҷинсгарост. Соли 2014 дар Ню-Йорк бо коргардони амрикоӣ Эрик Андерс Лэнг издивоҷ кард ва соли 2016 бо сабабҳои номаълум аз ҳам ҷудо шуданд. Сиа дар давоми умри 44-солаи худ фарзанддор нашудааст ва қарор дод, ки кӯдакҳои бегонаро ба фарзандӣ қабул карда, оилаи хушбахт бунёд мекунад. Ӯ исми фарзандонашро ифшо намекунад, зеро амнияти наздиконашро аз ҳама боло мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД