arzon replenishment
ЧАРО ПӮСТИ ДАСТ ДАР ТОБИСТОН ДАҒАЛ МЕШАВАД?
10.09.2021
Оила
1015

Агар шумо диққат дода бошед, пӯсти нозуки даст дар фасли тобистон хушк ва дағалу пажмурда мегардад.

Наход сабаб дар гармии ҳаво бошад? Тавре мутахассисон шарҳ медиҳанд, на танҳо пасту баландшавии ҳарорати ҳаво ва нурҳои ултрабунафш, балки об ва моддаҳои кимиёвӣ дар якҷоягӣ боиси дурушт гаштани пӯсти даст мегарданд. Барои он ки дастонатон аз шумо пиртар нанамоянд, чанд тавсияи начандон душвори тобистонаро оиди нигоҳубини дастон риоя намоед.

1. Барои шӯстани даст собуни муқаррарии сахтро истифода набаред, балки бо собуни обакӣ даст шӯед. Аввал ин ки собуни обакӣ (жидкое мыло) пӯстро намехушконад. Дуввум, ба шарофати дозатори махсусаш собуни обакиро истифода бурдан қулай аст ва шумо собунро фаромӯш месозед. Дар сафару дар меҳмонӣ низ шишачаи собуни обакиро бо худ бурдан душворӣ надорад.

2. Барои он ки пӯсти дастатон нафису мулоим бошад, ҳафтае як маротиба пӯсти дағалгаштаро тоза кунед. Беҳтараш ин амалро бо истифода аз скраб барои бадан ҳангоми шустушӯй ба анҷом расонед ё дастонатонро дар оби тағорача тар карда, бо скраб тоза кунед. Агар дар саҳро ё замини назди ҳавлӣ кор мекарда бошед, пӯсти дағалшударо ҳатман бо скраб тоза кардан лозим аст.

3. Рӯзе 2-3 маротиба ба дастатон малҳам барои дастро молед. Дар фасли тобистон зуд-зуд молидани малҳам ҳатмист. Фаромӯш насозед, ки дар фасли тобистон малҳам барои даст низ бояд бо “УФ –филтр” бошад, яъне аз офтоб ҳифзкунанда бошад. Пӯсти даст мисоли тамоми пӯсти бадан аз офтоб зарар мебинад.

4. Ҳама корро, кор бо замин, бо об ё моддаҳои кимиёвӣ танҳо бо дастпӯшакҳои резинӣ ба анҷом расонед.

Агар дастпӯшак надошта бошед ё бо он кор карда натавонед, малҳами дилхоҳи равғанинро ба дастонатон молед (аз ҷумла силикониро). Ин малҳам бо қабати худ дастони шуморо аз таъсири манфӣ ҳифз менамояд.

5. Ҳафтае тақрибан 1-2 бор ниқобҳоеро омода созед, ки пӯсти дастатонро ғизо бахшанд. Бо ин мақсад малҳами махсус барои даст ё малҳами ғизобахш (питательный)-и дилхоҳро ба дастон молед. Малҳамро ғафс ба дастатон молида, баъди 10-15 дақиқа шӯед. Агар хоҳед, ки таъсирнокии ниқобро дучанд созед, ҳамин ки пӯст малҳамро каме ҷабид, дастпӯшакҳои пахтагин пӯшед. Аз болои дастпӯшакҳоятон дастпӯшаки резинӣ пӯшида, бо кори хона машғул шуда метавонед.

Аз ҳама воситаи самарабахштарин шабона молидани малҳам аст.

6. Малҳам барои дастро қариб тамоми ширкатҳои косметикӣ мебароранд, аз ин лиҳоз ба мағозаи дилхоҳ даромада, малҳами мувофиқи худро ёфта метавонед. Малҳамҳои сабуки нармкунандае ҳастанд, ки онро пӯст ба зудӣ ҷабида мегирад. Чунин малҳамҳо барои нигоҳубини ҳаррӯза қуллай ҳастанд. Ин малҳамҳоро дар як рӯз чанд маротиба бемалол молидан мумкин аст. Боз малҳамҳои муҳофизатие ҳастанд, ки онҳоро ба ҷои дастпӯшак ба даст мемоланд. Ин малҳамро ҳангоми бо кори хона машғул шудан мемоланд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД